Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Забони ашъори Хоҷа Камол. Дар забони ғазалиёти Камол хеле зиёд хусусиятҳои сарфиву наҳвӣ ва овоиро метавон пай бурд. Аммо он чи дар заминаи шинохти сабк чун муҳимтарин унсури забони ашъораш пазируфта мешавад, он аст, ки содагии зоҳирии лафз бо маъниҳои гаронбор талфиқ ёфта ва духўрагии вожаву таркибот, бамавқеъ афтодани ибораҳои халқӣ, бозии сухан бо тобишҳои тозаи маъноӣ ҳусни каломи ўро фузудааст. Чунончи, санъати таҷнис дар ашъори ағлаби шуаро ба хотири ороиши лафз ба кор меравад, вале дар ашъори Камол дар баробари муҳимтарин унсури сабк будан маонии латифро низ ба бор овардааст:
    Он хат ҳамеша мушки Хито хондаӣ, Камол, Дар як хат, эй аҷаб, ки ту чандин хато кунӣ.
    Маънии зоҳирии байт дар он аст, ки шоир хати (мўи бари рўй ва пеши лаб) маъшуқро ба мушки Хито монанд мекунад ва аз ин ташбеҳ ба ваҷҳи норасоӣ бо пушаймонӣ бармегардад, яъне, «мушки Хито»-ро хато меҳисобад. Аз ҷониби дигар, «хито», «хато» ва «хат эй» (ҳарфи аввали калимаи «эй») ҳамагӣ як хел навишта мешаванд ва, бад-ин минвол, дар як байт се «хато» меояд.
    Камоли Хуҷандӣ аз анвои гуногуни таҷнис бо камоли маҳорат истифода мебарад:
    Гар ҳарифона биёед ба сарвақти Камол, Шакари ноб маёред, май оред маро.

Гўяд, ба Худо дидаам он рўй, бипурсед,
Гар гуфт, бидидам ба Худо, ҳеҷ надидаст.

Хуш наёмад бари мо омаданат,
Ту шаҳӣ, хуш набувад хонаи мот.

Ба Гулгун гар ҳавас дорӣ, ки биншинӣ ба Ширинӣ,
Ду чашмам шуд ба хун гулгун, биё, бар чашми ман биншин.
Дар байти охир Гулгун аспи Ширин аст, ки агар ёр ҳаваси ба он нишастан дошта бошад, беҳтар аз чашми ошиқ ҷое наметавон ёфт, зеро чашми ў аз ғам хунбору гулгун гашта. Ин ҷо Гулгун номи асп ва сифати чашм аст ва Ширину ширинсаворӣ низ таҷнисоти дигар.

пешина
аз 500
навбатӣ