Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бўса бар пои саги кўи ту хоҳам зад шабе,
То бишўям лаб, ки бўсидам бад-он дасти рақиб.

Ташналаб ҷон дод бар хоки сари кўят, Камол,
Давлати бўсидани пои сагонат дарнаёфт.
Аммо ҳар қадар ки ошиқ ҳақорати худро дар назди маъшуқ нишон бидиҳад, ҳамон андоза баландҳимматии ў дар ҷодаи ишқ маълум мешавад:
Барбод медиҳам ба ҳавои ту умри хеш,
То заррае зи хоки вуҷудам саломат аст.
Ошиқ маҷбур аст ҳузури рақибро дар паҳлўи маъшуқ таҳаммул кунад, зеро чораи дигаре надорад. Рақиб манфуру ҷангҷў ва беҳунару рўсияҳ аст. Аммо чун маҳбуби маъшуқ аст, ҳама ҷавру озори ў бояд пазируфта шавад:
Бар дараш дидаам рақибонро,
Чун гадо аз сагон гурехтаам.

Бо рақибонат ба бўи васл хушдил мезиям.
Бар умеди гул чу булбул метавон бо хор зист.

Бар забонҳо то гузашт он лаб, рақиби ҷангҷўй
Дар даҳони ошиқон нагзошт дандоне дуруст.

Дӣ рақиб аз лаби ў дод ба ман муждаи қатл, Даҳанаш пур зи шакар бод, ки ин хуш хабарест.
Ошиқ бо тамоми вуҷудаш ба рақиб нафрат дорад ва ҳар коре, ки аз ҷониби ў бармеояд, боиси озурдагии хотираш мешавад:
Дидори рақиб аз дур афзуд маро гиря, Аз абри сияҳ бошад афзунии боронҳо.

Саги кўяш ба ман намуд рақиб,
Будаш ин ҳам зи худнамоиҳо.

Хоҳам, ки ниҳам оинае пеши рақибон,
Дар чашми хасон то фиканам ин ҳама хасро.

Рақиби беҳунар то чанд аз ҳад по ниҳад берун,
Мабодо домани давлат, ки дар дасти гадо афтад.

пешина
аз 500
навбатӣ