Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеваи баёни намакин ва пуробуранг бо зарофату лутфи ширин ва ороста бо зарбулмасалу мақолот нишонаҳои килки Камол аст. Шояд касе аз шуаро чун Камол забони мардумиро бад-ин фаровонӣ ва зарофат махсус ба кор набурда бошад. Аҷобат дар он аст, ки маъмулан вожаву таркиботи мардумӣ лафзро сода мекунанд, аммо бо тамоми содагӣ шеъри Камолро наметавон ба осонӣ маърифат кард. Он содагии зоҳирфиреб ба мисли дарёи зодгоҳаш андарунаш ҳазор тўфони ниҳон дорад:
Шўхиву фитнагару сангдилу аҳдшикан, Чашми бад дур, ба чандин ҳунар оростаӣ.

Рухе, чунон ки ту дорӣ, кадом маҳ дорад,
Худо ҳамеша зи чашми бадат нигаҳ дорад.

Шуд зи наззорагиён хонаи ҳамсоя хароб,
Маҳи ман, бо ту кӣ фармуд, ки бар бом барой?

Шунидаам, ки ту гуфтӣ, бад аст чашми фалонӣ,
Туро кӣ гуфт, ки бикшо забон ба ғайбати мардум.

Хато гуфтам, чӣ дард, астағфуруллоҳ, Ман ин худ айни дармон меҳисобам.
Воҳидҳои рехтаву таркибҳои халқӣ ба ҷуз он ки суханро узубати махсус мебахшанд, дар ифодаи маъниҳои борик низ хизмат мекунанд:
Гуфтам, ки лабат зери ду дандон чу бигирам, Дорам нигаҳаш. Гуфт: Нигаҳ дор забонро.
Ин ҷо таркиби «нигаҳ дор забонро» аз таркибҳои серистифодаи мардуми Хуҷанд ва Мовароуннаҳр буда, зоҳиран қаҳру ғазаби маъшуқро дар посухи беадабии ошиқ ифода мекунад, аммо маънии нозуктари дигаре низ пардапўш аст.
Воҳидҳои рехтае аз қабили «балои рўи замин», «корд ба устухон расидан», «ҷон ба лаб расидан», «парвои олам надоштан», «аз даҳон бўи шир омадан», «ҷигар хун шудан», «ба шакар душман куштан» ва ғайра хеле мувофиқ дар дохили мисраъҳо ҷои худро пайдо кардаанд, гўё ки тамоми ғазал махсус барои ғунҷонидани онҳо гуфта шуда бошад.

пешина
аз 500
навбатӣ