Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хиёл оҳиста ба миёни давра по гузошт. Вай намемонад, ки Сабо, духтараки камқувват, дар пеши чашми мардум аз падар танбеҳ бинад, шаллоқ хўрад.
Наим ҳам ба ин нигоҳ мекарду ҳам ба он. Дар ин ҷои серодам фақат ҳардуро медид. Онҳо дур аз ҳамдигар истодаанд. Ў нигоҳи онҳоро доштан мехост. Ҳамаи қувваи худро, ҳайбати худро ў дар чашмонаш ғун карда буд. Мехост бо чашмонаш онҳоро хўрад, сўзонад, бо нигоҳаш онҳоро ба замин фурў нишонад, яксони замин гардонад, ки дигар нишонае аз онҳо дар рўйи дунё намонад.
Ҷаҳлаш сахт буд...
Садриддин дами тракторашро гирифт: онро хомўш кард.
Ҳама хомўш буданд. Сукунати ваҳмоваре ҳамаро санг гардонда буд. Занҳо хомўш, духтарҳо хомўш, мўйсафедон, ҷавонмардон – ҳама хомўш буданд. Замин, одамон, моҳи осмон, теппаҳо, яккатуте, ки дар сари сарҷўй истода буд, пахтаҳо ва оби сарҷўй – ҳама сукут доштанд.
Домани осмон дар мегирифт, месўхту одамонро ошуфта мегардонд... Усто Шодмон ба ҳар эҳтимол чанд ҷавонмарди бокитфу бозуро тайёр карданӣ буд. Вале онҳо ба имову ишораи усто китф меҷунбонданду ўро гўё нафаҳмида бошанд, рўй метофтанд. «Мон, занад. Духтари худаш. Вай бача ҳам якта- дута хўрад, ҳеҷ гап не.
Панди падар шунидагӣ барин мешавад. Ҳеҷ гап не. Мо ҳам дар вақташ кам шатта нахўрдаем,» – мехонд усто аз ваҷоҳаташон.
Наврасон қадаме пеш гузошта буданд. Онҳо барои ҳимояи Хиёл аз занозанӣ ҳам рўй намегардонданд.
Муштҳояшон фишурда буданд...
... Ногоҳ хари сафеде пайдо шуд. Бепарво ва беҳарос, гўё сайр мекарда бошад, ба даруни пахтазор даромад ва ба одамон нигоҳе накарда, кўракҳои хому шукуфтаи сафедро канда, қирс- қирс мехоид ва аз таъми хуши онҳо бо ҳаловат сар меҷунбонд. Нописандии ин хар Наимро ба кафидан овард.

  • Хари кист? – пурсид ў.
    Ҳеҷ кас ҷавоб надод.
пешина
аз 186
навбатӣ