Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Хари кӣ? Соҳиби хар кӣ аст?
- Аз одамҳои мо нест, - ҷавоб дод Ғуломи Девчашма.
- Ҳе, онаи хардора... – гўён ҳақорат дод Наим ба сўйи хар давида.
Расидан ҳамоно харро лагадкўб кард. Ў девонавор ба шикам, ба пешу паҳлуи хар мезаду «а- аҳ», «у- уҳ» – гўён аз зарбаҳои худ кайф мебурд. Пошнаи мўзаҳои вазнинаш наъл доштанд. Ў харро задаву кўфта аз пахта баровард ва давида аз гарданаш дошту ба қарибии мардум, ба пеши чашми Сабову Хиёл, овард. Баъд аз банди миёнаш корди дудамаеро кушода гирифт. Вале бо ким- чи фикре онро ба соқи мўзааш халонд. Касе дар миёни мардум оҳи сабук кашид.
Вале Наим оташ гирифта буд. Намехост кайфияти зўрии худро дарҳол шиканад; дар дили мардум тарс шинонданӣ буд. Ў гардани хари сафедро тоб дод. Хари сафед гурсас зада, ба рўи замин афтод. Аввал ба шикамаш, ба қарибии пистонаш (хар пистонҳои сафед дошт), чанд лагад фуровард, баъд ба болои сараш баромада, бо пошнаи наълдори мўза ба бехи гўши хар задан гирифт.
Лагад мезаду ҳар бор ба Сабо нигоҳ мекард. Нигоҳаш таҳдиду ситеза дошт. Аз сару рўяш арақ мешорид.
Наъли пошнаи мўзаҳои Наим аз чўян буд. Вазнину сергурм, ки бо хоҳиши ў Усмонбангӣ тафта, ба қолиб гирифта буд. Наим бо ин мўзаҳои худ заминро харошида, роҳ мерафт...
Аҷаб хомўш аст ин ҳайвон. Дами пирӣ, вақте ки корношоям мегардад, аз дар меронандаш, аз деҳа бурунаш мекунанд. То хеле сабр мекунад, ба соҳиби торафт дуршудааш маломатомез дида медузад, пас ба тақдир тан дода, роҳи дашт пеш мегирад, ба харгала ҳамроҳ мешавад.
Гоҳо ёди хона, ёди соҳибу ёди фарзандони ў мекунад, дилаш об мешавад, аз чашмонаш об мерезад, вале овозе намебарорад. Аҷаб хомўш аст ин ҳайвон, фақат андаке шодӣ бинад, ҳанг мезанад. Дигар хомўш аст, вақте ки ўро мекўбанд, хомўш аст, ҳатто лаҳзаи марг ҳам овоз намебарорад, танҳо чашмонаш имдод металабанд. Саг вингос мезанад, асп шиҳа мекашад, мурғ қиғғос мекашад – ҳама ҳайвонҳо ба тарзе дарди худро ошкор мекунанд, танҳо хар, ҳамчуноне ки бори вазнин ба пушт мекашаду хомўш аст, дардҳои тоқатфарсоро, зарбаҳои ваҳшиёнаву девонавори пойи одамиро ба сар мехўрад ва овозе намебарорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё