Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ака, беҳуда гўш надиҳед. Бозор номи шуморо, номи саги шуморо башикаст ба забон намегирад.
- Бепарда гап зан, Моҳпарча!
- Аз бачаҳои худатон ҳам бохабар шавед!
- Ман якта дорам, ўро нағз медонам.
- Шумо нағз медонед. Онҳо шуморо нағз намедонанд.
Бегоҳӣ Сабо ҳам пахта начид. Як напурсидед, барои чӣ? - Барои чӣ?
- Бо касе буд.
- Бо кӣ?
- Бо Хиёл.
- Дурўғ! Кӣ гуфт?
- Ман мегўям.
- Шоҳид!
- Сафия.
Сафия базўр меистод. Ба ў ин ҳама хархаша таъсири баде доштанд. Сараш сахт дард мекард ва сабук чарх мезад. Чашмонаш туман гирифта буданд. Ин гапи Моҳпарча ўро бештар шўронд. - А духтар, гапи беҳударо чӣ мегўӣ! Онҳо ҳам ману ту барин об менўшиданд. Чӣ дар дили мардум алов меандозӣ?
Наим ба Сафия наздик омад. Рост ба чашмонаш нигоҳ карду пурсид: - Не, ту бигў, ҳар ду якҷоя буданд?
- Об менўшиданд.
- Шуд. Об мехўрданд онҳо, бало мехўрданд, фарқ надорад. Сабо! – фарёд зад Наим.
Дастонаш гиреҳ буданд; суми асп барин калону вазнин буданд; ба рўяш нигоҳ карда намешуд, хун барин сурх мегашт. Ба ғайри мўйсафедон касе ба чашмони ў нигоҳ карда наметавонист.
Сабо бо сари хам аз миёни духтарон баромад ва дуртар аз падараш истод. Ҳар балову қазоро интизор буд. Вай падарашро сангдил гуфта наметавонист, зеро то имрўз аз ў дуруштие надида буд, вале модари бечорааш гоҳо зарби ин муштҳоро хўрдааст. Сабо ба рўйи падараш нигоҳ намекард, ҷуръат надошт. Вазъияти Хиёлро донистанӣ мешуд. Ў ин лаҳзаҳо чӣ ҳол дошта бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё