Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Баргигул, гўё мор дида бошад, чиррос заду рўяшро бо лаби остинаш пўшонд. Куртаи васеи нозукаш ларзиши тани харобаку борики ўро панаҳ намедошт. Ў давид, то дар пушти тележка аз чашми мардум пинҳон шавад. Бозор ў ва дилдодаашро ном бурда буд, вале Зиё, ки аз ғазаб ришаш ба буруташ мечаспид, ўро дар сари дав дошт. Банди дасташро дар панҷаҳои арғамчини пашмин барин дурушту сермўяш сиққонда, ба тарафи худ силтав зад.
Аюб аввал бепарво буд. Хайр, номи писарашро гирифтанд. Духтар не-ку вай. Вале ҳоли Зиёву духтари ўро дида, барои хотири ҳамсоягиву сипоси нону намак ин тарафу он тарафашро саросема нигоҳ кардан гирифт, санг ё чўбе мекофт, ки ба сари писараш занад. Мард-дия, боз нагўянд, ки ҳама айб айби бачадорҳо. Гўё сангу чўб ёфт нашуд. Даст ба тасмаи миёнаш зад: «Падарлаънат, о гурез, охир! Хода барин рост истодааст- е. Эҳ, бефаҳм! Ҳеҷ рамуз намегирад, ношуд.» Пас тоқиашро гирифту ба тарафи Сафар ҳаво дод. Ў гурехт. Аюб як- ду қадам аз қафои ў давиду бо ҳамин қаноат кард. Ў одами қаноатпеша буд. Пас истоду гўш дод, ки боз бачаву духтарони киро ном мебаранд.
- Ғуломи Хонбой, Ҷавҳари Исмон!
«Ҳай, ҳай, ҳай». - Зайнаби Гадобой, Ҳакими Санг!
«Ҳай, ҳай, ҳай». - Гулчеҳраи Сарахон, Амони Абдул!
«Ҳай, ҳай, ҳай».
Ҳар боре, ки Бозор касеро ном мегирифт, мардум аз таги дил шодӣ мекарданд. Пас касе касеро айб намекунад. Баробарӣ – бародарӣ.
Шодии онҳо кўтоҳ буд. Моҳпарча боз маҳмадоногӣ кард: - Хайр, бас будагист? Рўз шаб шуд. Мо хонаву дар ҳам дорем...
Наим сухани ўро бурид: - Мон, мардум шунаванд. Айбу шарм ҳам даркор. Рўзи дароз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё