Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сархати машқи ҷунун зулфи парешони кист?
Сурмаи бахти сияҳ наргиси фаттони кист?

Гар на хаданги туро синаи ман шуд ҳадаф,
Бар дили маҷрӯҳи ман новаки пайкони кист?!

Забти инони нафас баски маро мушкил аст,
Ҳеч надонам, ки дил дар хати фармони кист?

Акси ту набвад агар бар дили ман ҷилвагар,
Дидаи ойинаам ин ҳама ҳайрони кист?

Меравад аз чашми ман дам ба дам аз бехудӣ,
Ашки парешони ман гӯи гиребони кист?

Ғунчаи лаълаш нашуд бираи танбули ман,
Сурхии ёқути ӯ оташи марҷони кист?!

Манзари чашмам агар нест туро мунтазир,
Дар раҳи сели бало хонаи вайрони кист?

Сояи мижгони ӯ сӯзани ҷайбам нашуд,
Риштаи оҳи дилам бахяи домони кист?

Туғрали ширинсухан, маънии Бедил нигар:
«Қомати барҷастаат мисраи девони кист?!»

Рухаш имшаб чароғи хонаи кист?
Нигоҳам шаҳпари парвонаи кист?

Ҳадиси кӯтаҳи зулфаш дароз аст,
Шаби мо рӯз аз афсонаи кист?

Зада ашкам зи шодӣ хаймаи ғам,
Саводи чашми ман кошонаи кист?

Ҷунун хезад дар ин роҳ аз ғуборам,
Хироми шӯхии мастонаи кист?

Надорад ҳосиле ҷуз ноумедӣ,
Надонам, тухми дил аз донаи кист.

Хуморе дорам аз дарди сари ғам,
Ғуборам аз хати паймонаи кист.

Забони ҳарфи гесуяш надонам,
Ки охир тарҷумонам шонаи кист?

Сари зулфаш фитад дар пои ҳушам,
Надонам, ҳалқаи девонаи кист.

Ғуломи ҳалқабардӯши ду гӯшам
Ҳадиси дилкаши ҷононаи кист?

Хушо аз мисраи Бедил, ки, Туғрал,
«Сиришкам нусхаи девонаи кист?»

пешина
аз 312
навбатӣ