Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
ШОИРЕ АЗ ТАБОРИ БЕДИЛ
Интиҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ, аз як тараф, охирин марҳалаи вуҷуди ҷомеаи фарсудаи феодалӣ, вопасин лаҳзаҳои хунмакии золимону қотилони зимомдор ва яке аз сангину пурпечутобтарин давраҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию адабии мардуми Осиёи Миёна ба шумор равад, аз тарафи дигар, давраи табаддулоти азиме буд, ки аз ҷониби ғарб, аз нуристони Русияи инқилобӣ ба равзанаҳои «дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва атрофу акнофи он насими ҷонофарини сохти наву ҳаёти нав бармевазид ва ба шарофати ин насими рӯҳафзой андар тани фасурдаи ранҷбари умедвори маҳаллӣ тобу тавони тозае бардамида, дар олами шуъуру тафаккури синфии аҳли заҳмат барои гардишҳои ояндаи иҷтимоиву инқилобӣ заминаи мусоиде фароҳам меомад. Ва он ҳама асорати синфие, ки бар сари заҳматкаши бечораи замон фурӯ меборид, дар саҳафоти адабиёти бадеии давраи мазкур, ки ойинаи рӯзгори иҷтимоист, нақши вофири худро гузошта, ба навиштаҷоти қаламкашони алоҳида ва ҷараёни умумии эҷоди бадеӣ ноҳамвориҳои назаррасеро ворид меовард. Аммо, бо ин ҳама, бурҷу бораи кохи адабиёти ин давра, монанди давраҳои гузаштаи таърихи фарҳангу адаби миллат, лаҳзае аз доираи диди саробонони дилсӯзаш берун намонда, ҳамора соҳиби посдорони бисёре будааст, ки шоир, нависанда, хаттот ва донишманди машҳури аҳд Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар сарҳалқаи он силсила қарор дорад.
Нақибхони Туғрал шабеҳи шохоби пурталотуме ба маҷрои умумии адабиёти охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ дар пайваста, ҳунари волои сухангустарӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати аҳли илму адаби замонаро ба зудӣ ҷониби худ кашидаанд. Ва ба андозае, ки воқифем, нахустин бор шоир ва хушнависи асри XIX тоҷик Мирсиддиқи Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ, ки таълифаш охири солҳои 90-уми асри XIX анҷом ёфтааст, аз хусуси аслу насабу тахаллуси адабӣ, таҳсили улум дар Бухоро ва хасойили шахсию қудрати шоирии Туғрал маълумоти муфассалтаре дода, ғазалеро аз ӯ намуна меорад ва дар он замон «дар қайди ҳаёт» буданашро гӯшзад мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё