Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аммо Ҳашмат дар боби оромгоҳи ҷадди худ Хоҷа Аҳрорро «пушти по зада», ба сабаби чунин «густохӣ» муддате «саропо васвосу молихулиёангез» шудани Туғрал ҳикояти хурофотомезеро мутазаккир гаштааст, ки афсонае беш набуда, асоси ахлоқию воқеӣ надорад ва дар ҳеҷ сарчашмаи дигаре дида намешавад.
Баъди чанде шоир ва фозили дигари асрҳои XIX-ХХ тоҷик Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ, ки соли 1904 дар Бухоро анҷоми танзим пазируфтааст, Туғралро ҳамчун шоири соҳибмақому шинохтае ҷову баҳо дода, ӯро «матмаҳи партави маъонии рангин ва машриқи Хуршеди мазомини қудсойин» номидааст.
Ҳамчунин, дар ин тазкира шогирди Шамсиддини Шоҳин будану «ашъори обдору манзумоти волоъиёр дар ҳар равия бисёр» гуфтани Туғрал ва се ғазали тозаи ӯ нахустин бор дар маърази назарҳо қарор дода шудааст.
Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, шоир ва тазкиранигори ҳамаҳди Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ, низ дар асараш «Тазкират-уш-шуаро», ки охирин санаи таҳрираш ба солҳои 1908-1909 рост меояд, аз Туғрал бо эҳтиром забон кушуда, ӯро бо муҳаббату самимияте «булбули достонсарои риёзи Самарқанд ва тӯтии шакархои нахлистони наҷобатпайванд, сухантирози бӯстони хушгуфторӣ ва нуктапардози чаманистони маънинигорӣ» донистааст. Муҳтарам аввалин тазкиранигорест, ки ба «саводи иборот» ва «фурӯғи маъонӣ», яъне пайванди қавии шаклу мазмуни навиштаҳои Туғрал диққат гуморида, наққодонаву даррокона фармуда, ки «дар боби суханронӣ табъаш бисёр баланд ва хаёлаш аршпайванд аст». Илова бар ин, тазкираи Муҳтарам як рубоӣ, чаҳор ғазал ва ду мухаммаси Туғралро дарҷ сохтааст, ки ғайр аз як ғазали дар «Маҷмӯъаи Салимӣ» омада, ҳамагӣ наванду дар манобеи пешина ба чашм намерасанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё