Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеч дар мулки ҷаҳон чун ӯ парирухсор нест,
Аҳриманро беҳтар аз гесӯи ӯ зуннор нест.

Ҳар замон чун шамъ андар хонаи дил бинамаш,
Садди роҳи он парӣ ҳаргиз дару девор нест.

Арзи ҳоҷотат ҳиҷоби акси матлаб мешавад,
Ҷуз нафас ойинаи дилро дигар зангор1 нест.

Кист бошад дар шаби ҳиҷрон анису ҳамдамаш?
Ҷуз хаёли Лайлӣ дар Маҷнун дигар ғамхор нест.

Дар биёбони ғамаш аз cap қадам бояд туро,
Ин раҳи ишқ аст, чун роҳи дигар ҳамвор нест.

Эй сабо, оҳистатар бигзар ба ойини адаб,
Дар ҳарими ҳурмати ӯ ҳеч касро бор нест.

Мекунӣ, Туғрал, кунун парвоз дар авҷи сухан,
Ҳеч кас имрӯз монанди ту дар ашъор нест!

1 Зангор – занг; занги оҳан ва ғайра.

Дар тариқи ишқ касро раҳбаре даркор нест,
Хонаи ойинаро бому даре даркор нест.

Мекашад қуллоби ҷазби ишқ сӯят дам ба дам,
Бисмили шавқи туам, болу паре даркор нест.

Кай бувад шероза дар ҷузви китоби ошиқон,
Дар саводи сафҳаи дил мистаре даркор нест.

Фарши таслими суҷуди хонақоҳи ишратам,
Хутбаи мино гар ин аст, минбаре даркор нест.

Дар тилисми унсури ин чорсӯи эътибор
Ҳеч дар савдои ғам симу заре даркор нест.

Кӯҳро ҳаргиз гаронӣ аз садо монеъ нашуд,
Ин бувад тамкин агар, гӯши каре даркор нест.

Паҳлуи ушшоқ бошад гарми савдои ҷунун,
Фарши Маҷнун аст ҳомун1 бистаре даркор нест.

Метавон рафтан ба ҳиммат аз замин дар осмон,
Бори Исо гар ҳамин бошад, харе даркор нест.

Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан:
«Дарди дилро бандаам, дарди cape даркор нест!»

1 Ҳомун – дашт, саҳро.

пешина
аз 312
навбатӣ