Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Тире, ки аз камони нигоҳи ту ҷастааст,
Чун новаки фироқ дили мо шикастааст.
Сайёди тирафкану оҳуст чашми ту,
Ин турфа1 оҳуе, ки ба мардум нишастааст.
Кас нест дар ҷаҳон, ки набошад асири ту,
Як дил зи банди ҳалқаи зулфат нарастааст.
То кардаем ёди камони ду абруят,
Пайкони ғам ба синаи мо даста-даста аст.
Холест бар лаби ту ва ё зоғ дар чаман,
Ё ҳиндуе, ки бар лаби Кавсар нишастааст?
Дар маҳфиле, ки сози баму зери васли туст,
Савти «Фироқ» нохуни мутриб шикастааст.
Мадди нигаҳ ба сояи мижгони интизор
Чун анкабут хонаам аз мӯй бастааст.
Набвад саводи хатти изораш бароти мо,
Дуду ғубори оташи дилҳои хаста аст.
Туғрал, ғуломи мисраи зебои Бедилам:
«Осудагӣ зи кишвари мо бор бастааст».
1 Турфа – аҷиб, ҳайратовар.
Дилбарам пур пурҷафо афтодааст,
Дур з-ойини вафо афтодааст.
Бар дилам аз новаки бебоки ӯ
Сад ҳазорон захмҳо афтодааст.
Дар раҳи ишқаш чу ман бисёр кас
Аз гирифторӣ зи по афтодааст.
Дар ҳавои васлаш аз даври аласт
Бар сарам ин моҷаро афтодааст.
Зоҳидо, аз қисмати рӯзи азал
Муғ1 маро, масҷид туро афтодааст.
Қуръаи дарёкашӣ бо номи ман
Аз хати килки қазо афтодааст.
Туғрал, аз зеру бами ашъори ту
Сози мазмун дар садо афтодааст.
1 Муғ – 1. рӯҳонии зардуштӣ; 2. отшапараст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё