Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шӯри дарёи муҳаббат мавҷе аз оби ман аст
Барқи шамшери ҳаводис ламъаи тоби ман аст.

Пардадори сози қонуни баму зери ғамам,
Нағмаи «Ушшоқ» аз оҳанги мизроби ман аст.

Нест ҷуз таъбири ҳайронӣ маро фоли дигар,
Фарши махмал саргузашти қиссаи хоби ман аст.

Мезанад меҳри дилам гар бахя дар ҷайби саҳар,
Чоки домони катон1 лекин зи маҳтоби ман аст.

Хондаам дарси адабро пеши устоди ҷунун,
Қадди моҳи нав дуто аз вазъи одоби ман аст.

Ҷӯши тӯфони сиришкам дорад оҳанги дигар,
Хоки саҳрои ҷунун тамҳиди селоби ман аст.

Тоқати як олам аз абрӯи ёрам тоқ шуд,
Саҷдагоҳи сад ҷабин аз шавқи меҳроби ман аст.

Эй хушо аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Базми гардун субҳхез аз лаъли сероби ман аст».

1 Катон – навъе гиёҳ, ки аз лифи он матоъе ба ин ном таҳия мекунанд.

Ақиқ аз ҳасрати лаъли ту хун аст,
Ҳилол аз шарми абрӯят нигун аст.

Ба ҳолам раҳм кун, эй шӯхи золим,
Ки аз ҳаҷри ту аҳволам забун аст!

Чу ман аз як нигаҳ сад кушта дорӣ,
Майи майхонаи чашмат фусун аст.

Дилам бурдию дилдорӣ накардӣ,
Анисам меҳнату ёрам ҷунун аст.

Ба ёди ҳасрати мими даҳонат
Қади ушшоқ аз ғам ҳамчу нун аст.

Биё, эй ҷон, ки ҷони мустамандат
Ба истиқлоли ту аз тан бурун аст.

Ало, эй шӯхи бепарвои золим,
Намепурсӣ, ки аҳволи ту чун аст?

Гули рӯи туро то дид Туғрал,
Дилаш чун ғунча доим ғарқи хун аст.

пешина
аз 312
навбатӣ