Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст,
Ойинадори дардаму ҳайрат баҳона аст.
Хирман кунед донаи гавҳар зи ашки ман
Дар ҳар тараф, ки сели сиришкам равона аст.
Эй нохудо, ту лангари киштӣ зи сабр кун,
Баҳри муҳити ишқ аҷаб бекарона аст,
Мо ошиқему шуҳраи офоқ гаштаем,
Аз мо басе ба олами имкон фасона аст.
Набвад ба сози пардаи ушшоқ зеру бам,
Оҳанги сози нағмаи мо з-ин тарона аст.
Ҳайронам аз хаданги1 камони расои ӯ,
Ҳар ҷо дилест, тири ғамашро нишона аст.
Ашке, ки мечакад ба раҳи интизори ӯ,
Дар киштзори муҳраи уммед дона аст.
Туғрал, гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ,
Боми фалак, ки бар сари ман сақфи хона аст.
1 Хаданг – тир.
Баски берангӣ дар ин гулшан далели ранги ӯст,
Арзи ҷавҳар сайқали ойинаро аз занги ӯст.
Мезанад ҳар лаҳза дам аз мавҷи тӯфони бақо,
Шӯхии хуни шаҳидон аз ҳинои чанги ӯст.
То нагардад суда аз рафтор пои тавсанаш,
Ҳалқаи чашмам кунун наъли суми шабранги ӯст.
Нестам осуда ҳеч аз сангборони рақиб,
Бар сарам санге, ки меояд, ҳама аз санги ӯст!
Нест андар боғи имкон чун гули рӯяш гуле,
Ҳусни Юсуфро ба ӯ нисбат мадеҳ, к-ин нанги ӯст!
Мори гесӯ cap ба cap печида бо сарви қадаш,
Ин фусун як шуълае аз шеваи найранги ӯст.
Гарчи аз ҳиҷрони ӯ аз дида боридам гуҳар,
Гавҳари ашкам ҳама перояи авранги ӯст.
Муҳри меҳнат зад қазо бар маҳзари девони мо,
Пеши султони муҳаббат сулҳи мо аз ҷанги ӯст.
Нест як дил дар ҷаҳон бе сози қонуни ғамаш,
Нағмаи зеру бами «Ушшоқ» аз оҳанги ӯст.
Эй хушо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Хок кун бар фарқи он созе, ки бе оҳанги ӯст!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё