Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳар киро дил маҳви он ойинаи рухсор шуд,
Ҷилваи ойинаи ӯ шӯхии дидор шуд.
Чашми масташ карда ҳар дам тоза кеши кофарӣ,
Аҳриманро зулфи ӯ то ҳалқаи зуннор шуд.
Ҳамчу мавҷ аз бод меларзам зи чини абруяш,
Раҳм набвад муҳраи теғе, ки ноҳамвор шуд.
Нест савдоии кавкаб ҷуз ризои муштарӣ,
То матоъи ҳусни ӯро гармии бозор шуд.
То задам дар боргоҳи сина шодурвони1 ғам,
Хаймаамро ёди мижгонаш чӣ хуш мисмор2 шуд!
Аз хаёли наргиси ӯ мезадам фоли тараб,
Нуқтаи дил маркази ин ҳалқаи паргор шуд.
Он қадар нолидам аз ҳиҷрони ӯ шаб то саҳар,
Ҳар буни мӯ бар танам дар нола мусиқор шуд.
Нест аз ҷоми висоли ӯ ба зоҳид баҳрае,
Шумии бахти бадаш найранги истиғфор шуд.
Ҷавҳари арзи дили ушшоқ аз меҳнат барист,
Аз сафо ойина умре пуштбардевор шуд.
Ғайри ғафлат нест дар чашми таҳайюрмансабон,
Дидаи махмал кай аз хоби гарон бедор шуд?!
Шуд зи қатлам қасри бунёди муҳаббат вожгун,
Хуни ман охир ҳинои панҷаи меъмор шуд.
Дасти ҳуснаш гар гиребони чаман ҳар сӯ кашид,
Пои зулфаш лек нақши домани гулзор шуд.
Баски маъдумист чун анқо нишони он даҳан,
Аз вуҷудаш дам задам, субҳе табассумзор шуд.
Эй хушо, аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Об гардид интизору олами дидор шуд».
1 Шодурвон – хайма, саропарда.
2 Мисмор – мех.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё