Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро ишқи ту то сармояи дунёву дин бошад,
Аз он аз дину дунё ҳосили умрам ҳамин бошад.

Зи доғи фурқатат нолам, вале чун най наменолам,
Ки ин андӯҳу меҳнат бо ман аз хатти ҷабин бошад.

Хами абрӯш маҳмил баста аз бори ишоратҳо,
Вале тарсам, ки чашми шӯхи ӯ андар камин бошад.

Бувад бо меҳри рӯи ӯ расиданҳои ман мушкил,
Ки ҳамчун соя бахти тираам фарши замин бошад.

Намудам пеши устоди муҳаббат хатми ишқи ӯ,
Аз он бо хотами ман номи ӯ нақши нигин бошад.

Зи ганҷури азал омад калиди ганҷи ғам бо ман,
Ба ғайр аз ман куҷо дар махзани меҳнат амин бошад?!

Кунун дар боғ ҷои сабзаву гул нозбӯ рӯяд,
Ба ҳар ҷое, ки нақши пои он нозофарин бошад.

Хушам бо ҳасрати дарду ғами ҳиҷрони ӯ, Туғрал,
Ба комам заҳри ҳаҷраш хуштар аз сад ангубин бошад.

Ҳар киро зулфи анбарин бошад,
Мор дар ганҷи ӯ қарин бошад.

Ҳаст Кайвон1 ғуломи ҳиндуят,
Гарчи дар чархи ҳафтумин бошад.

Тавсани умри бандаро зи азал
Доғҳои ту бар сурин бошад.

Моҳ дар пеши хирмани ҳуснат
Ҳамчу хуршед хӯшачин бошад.

Ҳуққаҳои ақиқу лаъли лабат
Хотами ҳуснро нигин бошад.

Ангубинро ба назди гуфторат
Нисбати заҳру ангубин бошад.

Сарв дар пеши қадди дилҷӯят
Аз ҳаё моили замин бошад.

Гуфтамаш: – Мурдам аз ғамат! Гуфто:
– Ишқи моро натиҷа ин бошад!

Ҷуз хаёлат ба хотири Туғрал
Нест чизе, ки ҳамнишин бошад.

1 Кайвон – Зуҳал.

пешина
аз 312
навбатӣ