Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

доимӣ канормондаи онро надонистанашон возеҳ аст ва дар паи ҷустуҷӯ набудани онҳо бештар ташвишангез аст.
Эроди маро мисолҳо собит мекунанд:
“авангард — 1. Авангард, дастаи авангард”. Донишҷӯе, ки маънию тарҷумаи ин калимаро ҷӯё мегардаду луғатро мекушояд, аз ин модда чӣ ҳосиле мегирад? На тарҷума ҳасту на тафсир. Тавзеҳи луғати тафсирии забони русӣ: “1. Часть войск (или флота) находящаяся впереди главных сил…” Яъне “авангард” ба тоҷикӣ “талиа” будааст: “Талиа — 1. Гурӯҳи пешгарди лашкар...” (Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2, саҳ.312).
Ҳар касе, ки аз сарвати забони тоҷикӣ нек огоҳ аст, медонад ки “копилка” на пулдон аст ва на қуттии пулғундорӣ, онро “ғуллак” мегӯянд. Дар луғати нав калимаи “обруч” ба тоҷикӣ чанбарак, ҳалқа, гардиш, доира тавзеҳ ёфтааст. Аммо дар забони мо махсуси “обруч”-и русӣ “чалабандак” ҳасту мураттибон онро ба ёд наовардаанд. Ё худ бигирем, моддаи “чабрец”-ро: аз рӯи далолати луғати нав ин гиёҳ ба тоҷикӣ “тимён” будааст! Инсоф диҳед, охир ин ҳам русист, номи китобии “чабрец” “тимьян” аст ва ба русӣ он аз юнонӣ (фамиам) омада. Агар ба тоҷикӣ аз юнонӣ ворид омада бошад ҳам дар ҳеҷ луғоту осори пешиниён онро дучор накардем.
Тоҷикии “чабрец” “кокутӣ” мебошад ва ин гиёҳи шифобахши беморонро аксари мардуми тоҷик медонанд.
Дар луғат калимаи “чурбан — ғӯла, кунда, аҳмақ” эзоҳ ёфтааст. Ба ғайр аз инҳо дар забони тоҷикӣ калимаи “қаландар” ҳаст, ки ҳам маънои аслӣ ва ҳам маънои маҷозии онро пурра ва айнан ифода месозад.
Агар ин қабил калимаҳои мувофиқу мутобиқи забонамон дар луғат мақоми худро меёфтанд аз луғатсозон миннатдории аҳли маърифатро канора набуд.
Ибораи “трутневая куколка” ба ин тарз тарҷума шуда: “зочаи нарзанбӯри асал”. “Куколка”

пешина
аз 393
навбатӣ