Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
БА ИСМИ НАКӮКОРӢ
Китоби адиб аксаран бо саргузашти ӯ, бо зодгоҳи ӯ, бо одамони атрофи ӯ алоқамандии ҳавасангезе дорад.
Агар шумо аз ҳаёти нависанда огоҳӣ надоред, ва ё зодгоҳи вайро надидед, мардумонеро, ки аз миёни онҳо адиб ба арсаи эҷодкорӣ омадааст, нашиносед, гумонам бисёр нуктаҳои китоби ӯро возеҳу амиқ идрок нахоҳед кард.
Махсусан, ин китобе, ки ҳоло, шумо фозили мӯҳтарам, дар даст доред, бо рӯзгори адиб сахт марбут аст.
Он намунаҳои маҳсули қариб биступанҷсолаи нигорандагии ӯро дар чандин риштаҳои номашҳури адабиёт
— тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил, мусоҳаба, мақолоти дар мавзӯҳои мухталиф навишташударо фароҳам кардааст, ки ҳама бо рӯзгори талху ширини мо марбутанд…
Ман якуми ноябри соли 1938 дар шаҳраки Нуратои тобеи вилояти Самарқанд дар хонаводаи муаллим ба дунё чашм кушодаам. Айёми кӯдакиам дар боғи бобоям, ки пеш аз инқилоб яке аз давлатмандони маъруфи шаҳр будаанд, гузашт.
Солҳои мактабиам дар деҳаи кӯҳсори падарам — Устук гузаштааст. Дар ин ҷо ман ҳаёти деҳқононро, зиндагии бенавоёнаи мардуми деҳотро, беҳуқуқии ғуломонаи онҳоро дар ҷони худ озмудаам. Агар дар деҳа кони тилло набуд, дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг кулли мардуми он атроф аз гушнагӣ талаф гаштанашон як амри воқеӣ буд. Аммо мардуми бенаво баҳору тобистону тирамоҳ ҳуқуқи заршӯӣ ҳам надоштанд, ғуломони колхоз буданд. Онҳо фақат дар зимистони қаҳратун аз кори колхоз фориғ гашта заршӯӣ мекарданд.
Ман баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа ба шаҳри Самарқанд омада дар омӯзишгоҳи педагогӣ таҳсили илм кардам. Донишҷӯён дар он айём зиндагии сахт бенавоёна ва беҳуқуқона доштанд. Хӯроки мо асосан, чойу нону қанд буд. Аз деҳа дар халтаҳо нони қоқ меовардем. Ҳар сол ти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё