Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мо забонро ба харҷу марҷе гирифтор мекунем, ки сарҳисоби онро ёфтан мушкил мешавад. Дар назму насри адибони пешин ҳар ду калима ҳам фаровонанд ва ин тафовутро ҳамаи луғатҳо таъкид кардаанд. “астар — хачир, ҳайвонест, ки аз ҷуфти нархар ва аспи модиён мерӯяд”. (Айнӣ, Куллиёт, ҷ.12, саҳ.34).
Бубинем моддаи дигареро: “махровый — 1. Садбарг”. “Махровая роза — гули садбарг”. Луғатҳои забони русӣ ин моддаро ба иттифоқ “с большим количеством лепестков” эзоҳ кардаанд, яъне ҳар гуле, ки варақи гулаш ё гулбаргаш бисёр аст. Мураттибон ҳеҷ наандешидаанд, ки агар “махровый” гули садбарг бошад, таъбири “махровый пион” ё “махровый мак”- ро ба чӣ навъ ба тоҷикӣ гардондан метавон?!
Ин моддаҳо ҳама калимаҳои оддиянд, ки тарҷумаашон безаҳматаст. Бубинем, ки истилоҳоти андаке мураккаб ва тарҷумаашон мушкилтарро мураттибон ба чи навъ тарҷума ва тавзеҳ додаанд. Моддаи “реализм” дар луғати чаҳорҷилда чунин эзоҳ ёфтааст. “1. Умение учитывать подлинные условия, существующие возможности и соотношение сил…” Дар луғати Ожегов: “1. Ясное понимание и учёт условий действительности”. Луғати русӣтоҷикӣ-ро менигарем: “1. ҳақиқатнигорӣ, мулоҳизакорӣ, дурандешӣ”. Чунон ки мегӯянд, деҳ куҷою дарахтон куҷо!
Тафсири моддаи “романтизм” ҳам ба ҳамин минвол ноқис аст.
Мураттибон маънии бисёр калимаҳои русиро нафаҳмида тарҷума карданашон хонандаро ба ҳайрат меоварад. Наход ки дар чунин айём, чунон ки мегӯянд, дар айёми инқилоби дуюми техникӣ ба луғатсозӣ барин шуғли ҷиддӣ ба ҳамин минвол саҳлангорона даст зананд?!
Чунон ки мегӯянд, ин ҳам дарди бахайр. Аз тавзеҳи хеле моддаҳо чунин бармеояд, ки мураттибон забони фасеҳи тоҷикиро, хоса бисёре аз луғоти аз истифодаи

пешина
аз 393
навбатӣ