Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
фақат “зоча” не, боре ба луғат нигаристан лозим буд. Ба ғайр аз ин, “зочаи занбӯр” чӣ маънӣ дорад, ин таъбири гӯшношунида аз куҷо омад гӯён мураттибону муҳаррирон боре наандешидаанд. “Куколка” дар ин ибора ба маънии “пилла” ва ё “кирмак” аст. Дар тафсири он луғатҳои забони русӣ овардаанд: “Куколка — личинка, заключенная в кокон”.
Бубинем моддаи дигарро: “уключина — ҳачча”.
Ҳалқаи белгузаронии заврақ, ки андаке во аст, ба ҳачча чи нисбате дорад ва инчунин эзоҳ аз куҷо ба хаёли мураттибон омада бошад?! Ҳачча ходаест, ки барои такяи чизе мегузоранд.
“фабула — мундариҷа”. Луғати чаҳорҷилдаи русӣ онро чунин тафсир дода: “Сюжетная схема событий, поступков героев...” Ин куҷову он куҷо?
“зарядной ящик — қуттии тир”. Ҳол он ки маънии ин ибораи русӣ аробаи тиркашонӣ, снарядкашонӣ аст. Луғати чаҳорҷилда: “Повозка для перевозки артиллерийских снарядов”.
Ба ин усул нодуруст эзоҳ шудани маънии калимаю ибораҳои русӣ агар аҳён-аҳён дучор меомад, мо аз сари инсоф мегуфтем, ки як ҷувол харбуза дуто партав дорад, аммо дареғо, ки ин ҳолро дар ҳар як саҳифаи китоб, баъзан на яктову дуто дучор кардем.
Гурӯҳи дигари нуқсонҳое, ки ҳангоми ошноӣ бо китоби луғати русӣ-тоҷикӣ ба назар мерасад, тарҷума ва эзоҳи хеле муҷмалу ноӯҳдабароёна ва ноқис аст. Ин қабил нуқсон дар китоб фаровон аст. Инак намунае чанд:
“богомол — 1. намозхон, намозгузор, ибодаткунанда, обид. 2. зиёраткунанда, тавофкунанда, ҳаҷкунанда, ҳоҷӣ”.
Фиғонам мебарояд аз он ки рафиқони луғатсоз ба тарзи хара ханда, буза бозӣ амал кардаанд! Охир, кист, ки ибодаткунандаи калисоро намозхону намозгузор гӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё