Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
шоири мо механданд. Ба ғайр аз ин, дар ин ғазал ҳам маънӣ обшустаю ҳам лафз, махсусан “тарки деҳам кардаам” барин дуруштиҳоро мисраъи ғазал ҳеҷ намебардорад.
Зотан дар ин мисраъҳо эҳсоси мушаххаси шоири даврони мо ифода наёфтааст, балки ӯ онро ба тариқи тақлиди ғазалҳои шуарои пешин сохтаст. Вагарна чаро ӯ паи изҳори муҳаббаташ ягон сухани обдори заминӣ ва ё образи воқеӣ надошта бошад! Дар тасаввур оваред: агар ин мисраъҳои ғазалро ба наср баргардонему бо он ба духтаре изҳори муҳаббат кунем, ӯ моро ба мазоҳ механдаду бас.
Ин гуна нуқсонҳо фақат ба шеъри ин шоири ҷавон махсус не, балки дар падидаҳои қалами аксари кулли ҷавоншоирон дучор меояд.
Муҳаммад Юсуф дар шеъри “Масхара” образи марди ширинкорро офаридан хостааст, вале муғлакие, ки ҳанӯз дар баёни вай ҳаст, ӯро имкон надодаст матлабашро равшан ифода намояд.
Ҳоло доири шеъри “Гаҳворасоз”-и ӯ чанд андешаи худро баён карданиам:
Ин шеър хеле хуб оғоз гирифтааст, аммо ҳайфо, ки шоири ҷавон гаҳвора ва гаҳворасозро як сӯ монда, саҳеҳтараш фаромӯш карда, аз паи публисистикаи дар ин ҷо бемаврид рафтаст. Бунёди он шеър ин аст:
Хандаи тифлон навозад гӯши ту,
Аллаи модар рабояд ҳуши ту.
Созӣ ту гаҳвораҳо аз чӯби бед,
Аз барои модарони пурумед(?)
Ёд орӣ кишвари сармояро(?)
Қадри инсони ба пул ҳампояро(?)
Тифлакони бегуноҳу хору зор,
Рӯи дасти модарони бемадор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё