Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
миқдор ғазалҳои нағзу сара ғазал гуфтан душвор аст.
Аммо Муҳаммад Иқбол ва Маликушуаро Баҳор барин устодони номвари шеъри асри бистумро дар ин ҷода равнақи тозае муяссар шуд. Махсусан ғазали фалсафии Иқбол рӯҳи исёнкори ҷавонони Шарқи имрӯзро хеле возеҳ ифодагарӣ кард.
Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.
Аммо аксари ҷавонони имрӯз, ки ҳанӯз дар шеърашон дуруштиҳои сакта, калимоти изофа ва таносубан бегона фаровонанд, ба ғазал даст зада, оҷизии худро дар илми калом гӯё намоиш медиҳанд.
Ба як ғазали Муҳаммад Юсуф мулоҳаза фармоед:
Маст гардам ҳар даме ман бо хаёли рӯи ту,
Улфати шабҳо манам дар ҳасрти гесӯи ту.
Тарки деҳам кардаам, аммо пушаймон нестам,
Аз садоқат як ҷаҳоне дод бар ман кӯи ту.
Рақси дил аз васли рӯят медиҳад бар ман хабар,
Хона гулшан мешавад аз мақдами некӯи ту.
Оҳи сӯзони Муҳаммад мекунад ҳолат хароб,
Ноз камтар кун, ки сӯзад байти ду абрӯи ту.
Дарвоқеъ, чунин ба назар меояд, ки ин сатрҳоро ҷавони имрӯзи мо не, балки ягон ошиқи сӯхтадили асрҳои миёна гуфтааст. Бо хаёли рӯяш маст гаштанҳо, улфати шабҳо будан, оҳи сӯзони ошиқ ва ҳоли маҳбубро бо ин оҳ хароб кардани вай, сӯхтани байти ду абрӯяш — ҳама фикру таъбирҳоеанд, ки хоси ҷавонони имрӯз нестанд.
Охир, бо ҷавонони имрӯз боре улфат бигиред, аз афкору омоли онҳо огоҳӣ ёбед, бубинед, ки чи касонанд! Онҳо аз экзотикаи зери уқёнус, аз илми генетикаю хуруҷи демографӣ сухан мекунанд ва ба инчунин дӯстдориҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё