Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ошноӣ бо хеле аз ашъори навқаламон ва шоирони ҷавон кас ба чунин хулоса меояд, ки аксари ин эҷодкорон бе матлаби возеҳ банду баст ва сохтмон шеъри худро дуруст наандешида қалам меронанд. Аз ин ваҷҳ мавзӯъҳои мушаххас ҳам аз қалами онон ранги умумигӯӣ касб мекунад. Дар натиҷа ин шеърҳо аввалу охир надоранд, ба назар чунин меояд, ки он гуфтаҳоро боз давом додан мумкин аст.
Бигирем, шеъри Муҳаммад Юсуф “Чароғи гӯр”-ро.
Дар ин шеър баъзе мушоҳидаҳои борик ва мисраъҳои дилнишин ба назар расад ҳам, шоири ҷавон аз банди парокандагӯӣ берун нарафтааст. Ӯ шеърашро аз он оғоз мекунад, ки ба рӯи қабрҳои кӯҳна чароғе хира месӯзад.
Одамони деҳа кайҳо кӯч баста аз ин диёр рафтаанд ва ба ин макони қадим дигар касе намеомадаст. Баъди чанде тасвире гӯристони бекас ва вазъи хароби он, шоир шеърро чунин хулоса мекунад:

Агарчанде надорад хокдон соҳиб,
Чароғе рӯи он поянда мемонад.
Биёбад гумраҳе то хоки аҷдодон
Чароғи хокдонҳо зинда мемонад.

Хонанда аз гиреҳи мисраи нахуст интизори он буд, ки бидонад сари гӯри бекас кӣ чароғ афрӯхта. Аммо ба ин савол шоир ҷавоб намедиҳад ва шеърро бо муҳокимаҳои умумӣ ва муғлақ анҷом мебахшад. Ҳол он, ки ҷавҳари шеър мебоист, ки дар ҳамин банди охир бошад.
Айёми охир шоирони ҷавон бисёр ғазал мегӯянд, агарчи дар ин жанр нисбат ба дигар жанрҳо онон камтар комёбӣ ба даст овардаанд. Ғазал дар адабиёти ҳазорсолаи мо равнақу тамом дошт ва дар ин кор устодони мо доди суханвариро додаанд. Чунин ба назар меояд, ки баъди ин

пешина
аз 393
навбатӣ