Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Боист, ки ба таъкид гӯем, алҳол ҷавоншоирони мо вазъи калом ва мантиқи суханро камтар эҳсос мекунанд ва баъзан вазнро сахт хароб месозанд.
“Шеъри хуб чи гуна аст?” савол доранд ҳам ҳаводорони шеър ва ҳам шоирони ҷавону ҳаваскор. Ба ақидаи ман шеъри хуб ҳамеша дилрасу хотирнишин аст, он ба шеъри дигарон монанд не, беназир ва бо садои ҳар як дил ҳамовозӣ мекунад.
Аз шеърҳои донишҷӯи Дорулфунуни Давлатии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобов агарчи бӯи тақлид меояд, аз фикру андешаҳои тоза бенасиб нестанд. Махсусан, дар рубоиҳои ӯ мушоҳидаи муаллифи ҷавон равшан ба назар мерасад.
Эй дил, ту бикӯш дар вафои дигарон,
Аз хеш бурун ой барои дигарон.
Дасти дигарон бигир, к-охир биравӣ
То бар лаби гӯри худ ба пои дигарон.
Дар ин рубоӣ шоири ҷавон як матлаби ҳикматомезро дар чор мисраъ ифода кардан тавонистаст ва дар ин миён суханони беҳуда ва бебор камтар ба назар мерасанд. Аммо ин ҳамаи рубоиҳои ӯ ба ин тарз дорои матлаби равшану ифодаи саҳеҳ ҳастанд. Дар як рубоии худ Рус- там овардааст:
Ман решаи макри пурситамро бибурам,
В-аз реша забони садқасамро бибурам.
Баъди инчунин шарт ниҳодан, дар байти дуюмӣ ин рубоӣ ӯ мегӯяд:
Рӯзе, ки ба дасти ман биафтад шамшер,
То битвонам гардани хамро бибурам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё