Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар овони ҷавонӣ мо — чанд тан адибони навмашқ дар радиои Тоҷикистон вазифае доштем ва он солҳо дар он идора марди нобакоре бедодгариҳо мекарду ҳамаро ба ҷон расонда буд. Дар боби ноинсофиҳо ӯ ба ҳадде расида буд, ки ҳамкорон мегуфтанд: “Саги ҳавлии радио чун бидид, ки аз рӯ ба рӯяш ӯ меояд, аз роҳаш пас гашту рафт”. Аксар аз вай нафрат мекарданд, носазо мегуфтанд, аммо бештар ҳомии он нобакори лаҷомгусехта — яке аз раҳбарони онрӯзии радиоро лаънат мехонданд…
Оқибат он ҳар ду ба сазо расиданд ва радди ин маърака гаштанд. Дар ҳама ҳол, кори дунё сомоне дорад ва мантиқи солими онро ҳама гувоҳем.
Дасти муқтадире ҳаст, ки оқибат мукофоти амали ҳар якеро таъин мекунад.
Адиби украин В.Яворивский роҷеъ ба тамаллуқ ва тамаллуқпешагон ба таҳқиқ ва таҳлили амиқ мақолае интишор сохт. Чи миқдор одамони ғайратманд ва аслан некирода қурбони тамаллуқи мардуми ҳақиру фурӯмоя гардидаанд!.. Дарвоқеъ, зараре, ки хушомадгӯён ва хушомадпарварон ба ҷамъияти мо мерасонанд, аз ҳар офате бештар аст. Чунонки Юрий Бондарев дар романи “Бозӣ” оварда, бо кулли ҷинояткорони дигар — дуздон, қаллобон, савдогарони хуфияфурӯш, майхорагон, ришвахурон, тӯҳматгарон ва ғайра суду милиция, прокуратураю назорати халқӣ ва маъмурони дигар дар ҷидоланд, аммо бо тамаллуқкор фақат адибону санъатварон бетаъсир аҳёнаҳён гирудор мекунанд бас.
Владимир Яворивский дар мақолаи худ овардааст, ки тамаллуқкорон ҳоло дар урдуи душмани худ — ҳалқаи адибон устувор мақом ёфтаанд ва фаъолияти худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё