Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мепиндоранд, худро мефиребанду бас.
Баъзе аз раҳбарони Иттифоқи адибони мо дар фикри ғун кардани ҷонибдорони худ як тӯда ашхоси сирф беқобилиятро ба узвияти ин ташкилот қабул карданд. Баъзе олим аст, баъзе журналист, баъзеи дигар на ину на он, аммо ҳеҷ яке адиб нест ва ба адабиёт аз онон суде нест.
Аммо ин тоифа баъзан бо даъвоҳои худ ба кори адибон мудохала карда, ба кори адабиёт хеле халал мерасонанд.
Ҳар адибе, ки замоне ба ҷавлонгоҳи адабиёт бо ҷӯшу хурӯш омад ва бар асари ранҷу заҳматҳои ҷавонӣ як-ду китобе навишт, аммо азбаски истеъдоди фитрӣ надошт, маҳорат пайдо накард, аксаран аламзада ва бадхоҳи ёрони ҳамқалами худ хоҳад гашт. Фақат инсони некӯхисол ва ҷавонмард ҳангоми бебарориҳо ҳам аз бухлу ҳасад пок хоҳад монд ва чашмаи истеъдоди худро пайваста хоҳад ҷуст. Чаро адибони бебарор зӯри худро дар боби танқиди адабӣ, тарҷума, ҳаҷв, нақиза ва ғайра наозмоянд?!
Ҳоло адибоне, ки кайҳо аз аробаи адабиёт афтодаанд ва даҳ-понздаҳ соли охир ягон асари ҷиддӣ ва назаррасе нанавиштаанд, кам нестанд. Танқиди адабӣ низ онҳоро фаромӯш карда. Аммо нашриётҳои мо гаштаю баргашта китоби онҳоро ба нашр мерасонад ва дар нисбати китоби онҳое, ки имрӯз бори адабиётро бар дӯши худ мекашанд, осори ин тоифа “ғафстар” аст ва ададан бештар.
Чунон, ки дар урф мегӯянд, обовардагон хору кӯзашикастагон азизанд. Ин ҳолро сабаб чи бошад, ман ба дурустӣ пай намебарам. Бар ҳар ҳол, вақт аст, ки адибону мунаққидон аз ин хусус ошкоро сухан гӯянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё