Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
қиссаю романҳои онҳо ҳаҷман аз осори Чингиз Айтматов, Васил Быков ва ё Валентин Распутин барин адибони ҷаҳоншумул бештар аст. Агар харбузаи бемазаю касиф сиҳатии инсонро халалпазир бошад, ин қабил осори “тезпазак” завқи китобхонро коста ва харобӣ оварда, онҳоро аз китоб ва адабиёт дур мекунад. Китобхони соҳибтаҷриба фақат як бор китоби ононро ба даст мегирад.
Ҳоло бюрократизм дар ҳар қадам ба кори мо латма мезанад. Адибону олимон тору пуди ин аҷубаро таҳқиқ доранд, роҳҳои аз пойкӯби ин ҳодиса наҷот ёфтанро меҷӯянд.
Аломатҳои асоситарини бюрократизмро ман дар худписандӣ, ҷӯрабозию маҳалпарастӣ, беэътиноӣ ба афкори дигарон, нописандӣ ба шахси зердаст ва касони “бенафъу безарар” ва дар сархушию сармастӣ аз мансаб мебинам. Бюрократ агарчи худро марди фидокори ҷамъият вонамуд мекунад, аслан, ӯ инсони коҳил аст, ҳамеша дар ғами худ аст ва азбаски беҳунарии худро пай бурдааст, ба даври худ хешу ақрабо ва ҳамдиёронашро ғун мекунад. Аслан, аз рӯи ҳамхунӣ қаробат ҷустан хоси ҳайвонот аст, инсони бошуур дар ҳама олам аз рӯи ҳамфикрӣ ва ҳаммаслакӣ қаробат меҷӯяд.
Тасвири фарох ва ҷомеи рӯзгори ҷамъият, хулоса ва
ҷамъбасти ин чунин айёми муҳиме, ки ба таҳаввулоти
азим моил омадааст, бештар аз вазифаи наср аст. Дар
ҳамаи кишварҳои мутамаддуни олам мардумон бештар
аз наср ба саволҳои худ ҷавоб меҷӯянд. Насри ҳақиқӣ
ҳамсӯҳбати оқил, устоди маслиҳатбахш, андар ин дарёи
пурталотуми рӯзгорон раҳнамои инсон аст. Бинобар он,
адибоне, ки баёни воқеаеро рӯи қоғаз оварда, онро наср

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё