Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

полоиши асар бештар ҷаҳд ба кор бурда, нодиракориҳо зоҳир менамояд, сеюмӣ ҷиҳати фалсафии хулосаҳои худро меандешад ё худ ҷаҳди вай бар он аст, ки ҳар як таъбир ва ҷумлаи ӯ рамзҳои амиқ дошта бошад.
Адиби ҳамаҷониба, яъне, ҷомеъ ё универсал ҳунарвари хеле нодир аст.
Ҳоло оҳанги публицистӣ намаки осори адабии имрӯз аст, аммо аз фаровонии ин намак боҳазар бояд буд.
Ҳар мудом дар хотир бояд дошт, ки агар ба як тоифа китобхонон осори публицистӣ хуш ояд, ба гурӯҳи дигар оҳанги лирикӣ ва ё ҳазлу мутоибаи беғаш хуш меояд.
Ҷараёни адабии комилу солим талаби хонандагони гуногунавзоъро бояд қонеъ кунад.


Таърифу таҳсини беасос барои адиби ҷиддӣ ҳақоратомез аст. Муаллим Раҳим Ҷалил мегуфтанд: “Агар туро беасос таъриф кунанд, яқин дон, ки аҳмақие аз ту даргузаштааст”.
Ҳангоми офаринхониҳои беасос ман ба вазъи гӯянда менигараму ӯро бениҳоят ҳақиру фурӯмоя мебинам, вале дар симои мамдӯҳи вай агар осори ташвиши сохта ё бадтар аз он нишони мамнуниро бубинам, дар назари ман вай кундфаҳм ва заифақл ҷилва менамояд.
Адиби соҳибҳунар аз таърифу таҳсини муболиғаомез танқиди асоснокро авло мешуморад.


Солҳои охир деҳқонон ба полиз силитраи бисёр рехта аз пайколи харбузаю тарбуз ҳосили фаровон мебардоранд, аммо ҳосили онҳо бетамъ ва бешира аст ва зиёда аз он, ба ҷисми инсон заранок буданаш собит гашта аст.
Баъзе аз адибони мо низ аз ин қабил деҳқонон мусобиқаро буридаанд. Ҳанӯз синни онон ба панҷоҳ нарасида, вале

пешина
аз 393
навбатӣ