Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Мо — адибон мебояд, ки ҳар мудом биандешем: ба таблиғ ва талқини ҷамоат ҳақ дорем ё не? Ба ин кор оё худ сазоворем ва қодирем? Худ дар қайди нодонию ҷаҳл ва ба дурӯғу норостиҳо олуда, бозам ба касон ростиву дурусткориро талқин накардаем?
Агар қавлу амали адиб бо ҳам мувофиқат намекунад, ҷаҳди ӯ баробари дар ҳован обро кӯфтан аст, — ҳарфаш бетафт ва бетаъсир бармеояд.
Аслан, ин доварӣ ва мардумомӯзӣ шоистаи он адибон аст, ки хештанро аз таассубҳо дур доранд ва пой аз ҷодаи донишу инсоф ва одамӣ берун нагузоранд.
Ҷумла дар сари ин қавл муттафиқанд, ки маҳорати ҳунарвар аз ранҷу заҳмат ва таҷриба бармеояд. Аслан, маҳорат чист? Он чи гуна зуҳур мекунад? Фикри ман, агар онро хеле содда бигӯям, нишони маҳорат афкори тоза ва махсуси адиб аст, равшанию возеҳии матлаби ӯст, шавқоварӣ, ҳусни баён — ҳама аз маҳорат бармеояд.
Аммо истеъдод чизи дигар аст, он табиӣ ё худ фитрӣ аст, ки “худодод” низ гӯяндаш. Агар истеъдод нест, каломи суханвар дилрас ва тафдор намеояд, афкори ӯ агарчи тоза аст, ҷилову дурахше надорад, касро ҷазб намесозад.
Бе истеъдод инсон дар ҳунар моҳир буда наметавонад, агарчи солҳои бисёр ранҷ мекашад.
Истеъдод мафҳуми мустақилест, ки роҷеъ ба он фақат дар пиромуни қонунияти худи он метавон муҳокама ронд.
Дар ҷавлонгаҳи сухан ва суханварӣ ҳар яке аз ашхоси соҳибистеъдод нуқтаи назари худро ҷӯё аст ва ақоиди худро зуҳур менамояд. Адиби публицистоҳанг бештар ба мазмуну ғояи иҷтимоии эҷоди худ машғулӣ мекунаду услуби комилу фасеҳ, шакл, забон ва дигар васоили эҷодкориро кори муҳим ва асосӣ намеҳисобад.
Дигаре, баръакс, ба ҷиҳати назокату фасоҳат ва ороишу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё