Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сенека дар номаи худ ба дӯсташ Лусилия навишта аст:
“Мутолиаи осори адибони гуногун ба муҳоҷирати доимии мардуми номаскун шабеҳ нест магар? Агар аз ин китоб баҳрае бардоштан мехоҳӣ, муддатҳо бо осори ягон нафар аз адибону ҳакимон машғул бош, то рӯҳи ту аз он ғизое бигирад. Он, ки ӯ дар ҳама ҷо ҳозир аст, аслан чунон аст, ки дар ҳеҷ ҷое набуда.” Дар воқеъ, агар ба кӯи мурод расидан мехоҳед, яке аз роҳҳоро боист, ки интихоб бикунед. Он ки ӯ ҳамаи роҳҳоро гузаштан ва озмудан мехоҳад, оворагард хоҳад буд.


Дар шаҳру деҳ ҳангоми мулоқот баъзан аз ҳаводорони адабиёт савол мекунам; “Деҳқон барои ҷамъият чи лозим аст, духтур, бинокор ё дарзӣ чи даркоранд, шумо хуб медонед. Ҳеҷ огаҳӣ доред, ки адиб барои ҷамъият чи даркор аст?..” Ҳар навъ ҷавоб мегӯянд.
Ман ҳар замон аз ин хусус меандешам. Ҳикояе навиштан мехоҳаму рӯзҳову моҳҳо фикр мекунам, ки он ба мардумон даркор аст ё не. Мақсуд аз адабиёт ба мардум кӯмак кардан аст, то ӯ худро бишиносад, ба нерӯи худ эътимод биафзояд, ба сӯи адлу ҳақиқат, некию накӯкорӣ майл овараду аларрағми норостию нобакорӣ, дурӯғу фитна ба қиём бархезад. Адабиёт бояд, ки дар қалби одамон қаҳру нафрат, шарм, хиҷолат, рӯҳи ҷавонмардию ҷасорат барангезад. Адабиёт ба ҳамин минвол бояд, ки ба инсон ёридастӣ кунад, то ӯ хушбахт бошад… Агар ӯ ба шарофати мутолиа аз қайди бухлу ҳасад, кинаву адоват, фиребу норостӣ, аз чанбари тамаъ, тарс ва бедардию бераҳмӣ раҳоӣ ёбад, магар вай инсони хушбахт нахоҳад буд?! Шоири шаҳири рус Владимир Маяковский бедарак нагуфта аст: “Я себя советским чувствую заводом, вырабатывающим счастье”. (Ман он корхонаи советиам, ки ҳусулам ҳама саодат аст).

пешина
аз 393
навбатӣ