Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзе аз мунаққидони ҷавон аз таъсири ақида ва ҷараёни афкори Муҳаммадҷон Шукуров дур намераванд ва агар дуртар раванд ҳам, дар ғояти беҷуръатӣ асо мезананд. Ва ононе, ки аз ҳунари мунаққидӣ ва муҳаққиқӣ бенасиб нестанд, аз чи бошад, ки хеле каммаҳсуланд, аҳёнаҳён мақолае ё тақризе менависанду бас. Ман Худоӣ Шарифов ва Абдураҳмон Абдуманноновро дар назар дорам.
Айёми охир Ёралӣ Содиқов андешаҳои пухта баён дорад.
Тоифае аз муҳаққиқони адабиёт ба дарди маҳалгароӣ печида, вассофи беҳунари ҳамдиёрони худ гаштаанд.
Баъзе худро мунаққиди назм мешуморанд, даъвоҳои бузург доранд, аммо аслан ҳанӯз вазни шеърро чунон ки боист намедонанд. Агар муҳаққиқи адабиёт нозукиҳои арӯзро пай набарад, беҳтар он аст, ки аз ваҷҳи ҳусну қубҳи шеър хомӯш бошад ва агар аз таҳлили наср оҷиз аст, насрро ба ҳоли худ вогузорад. Дареғо, ки аксари муҳаққиқони мо ин маслиҳати холисонаро амал намекунанд.
Ҳунар пинҳон намемонад. Илму адабиёт миси ҳамаи даъвогарони козибро дер ё зуд берун оварда ва дар ин бозор ҷавфурӯшони гандумнамой дуру дароз равнақ наёфтаанд.


Таҳсили илм ва омӯзиши овони ҷавонии мо чунин буд, ки мутолиаи бенизом доштему ҳар чи ба даст ояд, бетафовут хонда мефуровардем. Ман фақат дар остони сисолагӣ ба ислоҳи ин нуқсоне, ки дар таълимам ё саҳеҳтар аст, агар бигӯям, ки худомӯзиам гузашта буд, шурӯъ кардам. Дар тӯли ду сол ман фақат осори Горкийро мутолиа доштам ва бештар аз бист ҷилд китоби ин адиби ҷаҳоншумулро ба тартиб ва батааннӣ мутолиа кардаму заковатмандии ҳайратангези ӯро мағз андар мағзи ақлу шуури худ идрок намудам.
Аз ваҷҳи мутолиа адиб ва файласуфи Рими қадим

пешина
аз 393
навбатӣ