Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ривоҷ медиҳанд. Чаро? Сабаб ин аст, ки мо як ҳақиқати куллро фаромӯш кардаем: ба нависанда фақат китоби вай ва китобхонон обрӯ ва эътибори ҳақиқӣ меоваранду бас, на вазифаю мансаб. Ҳоло кор ба ҳадде расида, ки адиби беҳунар ё миёнҳол илоҷе карда ба вазифа мерасаду баъд тадриҷан ба сафи пеши адибон мегузарад. Ин тоифа чун аз вазифаю мансаб ронда гаштанд ё бимурданд, боз ба мақоми аслии худ фуруд меоянд. Баъзан ба симои аз фазилату инсоф холии инчунин касон менигараму суханони Ҳофизи бузургвор ёдам меояд:
Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст,
Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.
1986
ШЕЪРИ ХУБ ЧИ ГУНА АСТ?
(Андешаҳо доири шеърҳои шоирони ҷавон)
Рӯдҳо ҳамвора аз чашмасорон ва барфҳои кӯҳистон ҷорианд. Миёни кӯҳсорон ва оби рӯдҳо ҳамешагӣ пайвандест қавӣ ва устовор, чунон ки осори шоирони пешинро агар бо рӯзгори онон лаҳзае дар муқоиса нигарем, нек мебинем, ки адибон дар ҳар як давру замон симои асру айёми зиндагии худро ба тасвир гирифтаанд. Аз ин ваҷҳ чунин муқобала шартан муқаррар аст: кӯҳсорон зиндагии воқеианду рӯдҳо шеъру ҳунаранд. Яъне, ҳар як давру замон дархури эҳтиёҷи маънавии худ шеъру тарона, ҳунарҳои гуногун, китобҳои мухталифро мепарварад.
Шоир садои замони худро ба замонҳои дур мерасонад.
Шеъри Ҳофизи борикбаён имрӯз аз замонҳои дуродур, аз он роҳи тайкардаи шеъри Аҷам ба мо медурахшад.
Чунон ки дар табиат рӯдҳоро ба сӯи чашмаҳои кӯҳсорон бозгаштан нест, адабиётро низ дубора ба шеъри Ҳофиз баргаштан аз имконот берун аст.
Чаро ба шеъри Ҳофиз бозгаштани шоирон ғайриимкон аст? Аз ҷавоби дурусти ин савол мо вазифаи шеърро дар ҷамъият муқаррар хоҳем кард. Аз замони Ҳофиз то ба имрӯз симои маънавӣ ва афкори рӯҳонии мардуми тоҷик куллан тағйир ёфт, эҳтиёҷи ӯ дигар шуд, фикру завқи вай баробари рӯзгорон ва давру замон пеш рафт. Баробари маънавиёти халқ шеъру ҳунар низ тағйир ёфт, вале вазифае, ки он адо мекард, дигаргунӣ напазируфт.
Имрӯз Ҳофиз дар назари мо он рӯди пуртуғёнест, ки аз кӯҳсорони баланди дуродур мешорад ва мо аз он кайҳо бигзаштаему дигарбора имкони ба он баргаштан нест.
Замоне ба пояи ҳунари он бузургвор расидан шояд насиби суханваре бошад. Ӯ ҳанӯз нест, вале чашмдорем, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё