Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
адабии умумииттифоқ ба хеле аз осори ба забони русӣ тарҷума ва интишор гардида ҳамчун ба адабиёти дуюмдараҷа назар мекунад. Бешак, ба нумӯи ин гуна ақида мо худ гунаҳкорем: осори хому камарзиш, баъзан сирф беҳунаронро бо усулҳои ношоиста ва ба номи адиб нанговар — тамаллуқ, ришва, сӯистеъмол аз вазифа, “мантуро, ту-маро” — ба нашр мерасонем.
Қаҳрамони фаъоли зиндагисозро дар заминаи воқеияти имрӯз дар адабиёт ва зиндагӣ чӣ гуна тасаввур мекунед?
Мегӯянд, ки дар осори бадеъ характери комил худ адабиёт аст. Агар адиб характери равшан ва хотирнишину фаромӯшношуданӣ биофарад, образи офаридаи вай миёни хоку хасрӯбаи пургӯиҳо ва беҳудатафсириҳо гум нагардад, ин худ далели он аст, ки каҳрамони ӯ фаъол аст, дар меҳвари воқеоти зиндагист ва ба дарди инсони имрӯз мехӯрад. Инчунин қаҳрамон фақат образи инсони накӯкор ва ибратбахш не, балки тимсоли инсони зишту нобакор низ метавонад буд, агар мардумонро ба ҳаёти зебо ва иқдоми зиндагисоз талқин созад. Агар ин тимсол бо андешаю амали худ дар дили хонанда эҳсоси нафрату ғазаб ба вуҷуд оварад, матлаби адиб муяссар ва муроди ӯ аз эҷодкорӣ метавон гуфт, ки ба даст омадааст.
Қаҳрамони ибратомӯз образи мафтункунандае, ки хонанда пайрави вай бошаду дар рӯзгор ҳар лаҳза ба он тақлид кунад, боист, ки инсони донишманд, бофаросат, дорои маърифату маданияти баланди башарӣ бошад.
Агар адиб худ хирадманд нест ва аз илму ҳунарҳои замони худ баҳравар набошад, табиист, ки вай образи чунин инсонро офарида наметавонад. Бо моҷароҳои ҳақиқатмонанди зиндагӣ фақат хонандаи хеле камтаҷрибаро саргарм кардан метавон. Охир, инҷинери соҳибтаҷриба романи “истеҳсолии” адиби тамошогари корхонаро чӣ гуна хондан метавонад?
Дар асри материалӣ ва технократии мо адиб агар па

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё