Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Тамоили сеюме, ки маро ва ғолибан ҳамаи китобдӯстонро хушнуд мекунад, рӯзафзун аз олоишҳо поку мубарро ва аз услуби хушбаёнии берангу бор ба тарзи ширадори комилан тоҷикию форсии фасеҳ майл овардани забони наср аст.
Ин тамоилро баъзеҳо тақлид ба форсии имрӯз мепиндоранд, ки ин гумони ғалат аст. Форсии имрӯз аз форсии мо — тоҷикон, ки пешиниён “форсии Мовароуннаҳр” мегуфтанд, тафовути зиёде дорад ва онҳое, ки табиати забони модарии худро ба дурустӣ эҳсос накарда, ба форсии имрӯзи эрониён тақлид ва пайравӣ доранд дар ин майдон равнақе намеёбанд.
Бозёфтҳои эҷодии нависандагони моро аз кадом ҷиҳат бо падидаҳои ҷолиби насри сермиллати муосир муқоиса метавон кард?
Насри мо аз ҷараёни насри умумииттифоқ ҷудо нест, зеро мактаби омӯзишу таъсирбардорӣ ва бисёр ҷиҳатҳои зиндагии мардумони ватан ба якдигарӣ наздик аст, қонуну қоидаҳо яканд, сахтию сустиҳо ба ҳам шабеҳанд. Дар адабиёт сангу тарозу ҳам якест, агарчи баъзе адибон ин ҳолро тан гирифтан намехоҳанд.
Агар аз ин манзар назар афканем, чунин дар назар меояд, ки дар нисбати роману повест бештар ҳикоёти хубу марғуби адибони тоҷик бо ҳикояҳои адибони дигар миллатҳо ҳамсарӣ дорад.
Солҳои охир дар адабиёти тоҷик ҳикояҳои пухтаю рехта, ки дорои синтези амиқанд, навишта шуданд. Ҳайфо, ки танқиди адабии мо ҳанӯз дар таҳқиқи он ва таъин кардани мақоми ин осор дар адабиёт оҷизӣ мекашад.
Агар ба насри тоҷик аз меъёру мақоми насри умумииттифоқ нигарем комёбиҳои мо дар боби повесту роман ҳанӯз хеле назарногиранд. Хушбахтона, алҳоҳ фарқи забон хеле аз айбҳои моро мепӯшад, тарҷумонҳо иддае аз асарҳоро баъди рандаю суфтакории зиёд ба китобхонони миллатҳои дигар пешбарӣ мекунанд.
Бо ин ҳама, ба аҳли адаб пӯшида нест, ки танқиди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё