Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хоҳиш мекардам, ки боре уболу савоби онро ба ман бубахшоянд.
То ки матлаб ба хонанда равшан бошад, мисоли онро хотира мекунам: Ибтидои соли 1983 буд, дар рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” “Ташнагӣ” ном ҳикояи ман интишор ёфт. Бо хоҳиши идораи нашрия муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев онро қабл аз чоп мутолиа кардаанд ва фикри худро мисли ҳамеша бо сиёҳқалам дар паси варақ навиштаанд. (Чун мавриди сухан аст, бояд қайд кард, ки баъзе рафиқон агар аз навиштаҳои дигарон як ҳарфи ғалат ёбанд ё фикри ба ақидаи худ номувофиқеро пай баранд, бе ҳеҷ истиҳола бо ранг варақро сиёҳ мекунанд!) Ин ҷо суханони навиштаи муаллимро айнан иқтибос мекунам: “Мулло Баҳром! Ба ҷиҳати мантиқ боз як назар кунед; ғӯза (?) акнун сар бардошта бошад, онро на зан, на мард каланд намекунанд — ҳанӯз ба каланд наомадааст.
Гузашти айём фаромӯш нашавад. Аз нақли шумо тахмин апрель мебарояд, аммо зан мегӯяд, ки ғӯзаро об додам. Ф. М.” Ман ҳикояро дигарбора мулоҳиза кардаму санҷидам, баъзе эроди муаллимро ислоҳ кардам, аммо ҳар қадар андешидам, яке аз эродҳояшон дар назар бо ҳақиқат ҷуфт наомад. Муаллим ба калимаи “ғӯза” савол ниҳодаанд. Ман қаблан медонистам, ки калимаи “ғӯза” дар замони қариб аз истифода афтодааст, бинобар он, ҳама яктан ба он эрод хоҳанд гирифт. Аз ин ваҷҳ аломати савол ниҳодани муаллим як амри табиӣ буд. Вале ман хостам ба тариқи таҷриба боре онро истифода кунам. Роҷеъ ба “ғӯза” муддатҳост, ки меандешидам ва хеле санадҳо далели роҳам буд. Бешак “ғӯза” пахтаи имрӯзи мо нест, аз он каме тафовут дорад ва китобхони имрӯз агар наврустаи онро “ғӯза” гӯем, гумон аст ки ин кӯҳнаковиро қабул кунад, зеро хеле айём гузашт, ки он аз забон афтодаст. Бо

пешина
аз 393
навбатӣ