Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
беасос дар ин замони мо кӣ бовар мекунад? Инчунин касони хомандеш ва содагарав дар ин айём аз модар намеоянд!? Аз тавсифи беасос ҳам чӣ суд? Чунон ки гуфтаанд, таъриф барои фотеҳ танбон намешавад. Вагарна китобҳои адибоне, ки пайваста таърифу тавсиф мебинанду худро тарғиб мекунанд дар дӯконҳо бехаридор намемонд.
Соли 1983 дар шумораи сеюми маҷаллаи “Садои Шарқ” повести ман “Тору пуд” ба нашр расида буд ва ман пеш аз ҳама аз хонандагон қаноатмандию миннатдориҳои зиёд қабул кардам. Муҳокамае, ки дар Москва Иттифоқи нависандаҳои СССР барпо карда буд, онро дар силки чанд асари дигар аз комёбиҳои солҳои охири адабиёти тоҷик хисобид. Чӣ гӯям, ки агар Фазлиддин Муҳаммадиев қимати бадеии онро пай бурда, ҳамчун устоди ғамхори адабиёт ба интишори он сабаб намегаштанд, ин қисса хеле овора буд ва балки ба осонӣ ба дасти хонандагон намерасид ва ё мисли баъзе асарҳо паркандаю фишурда мегашту хароб мешуд.
Обро барои бозӣ гилолуд намекунанд. Касоне ҳастанд, ки аз инчунин дағалбозӣ ва риёкорӣ манфиате бардоштан мехоҳанд. Аммо ин зумра бехабар аз онанд, ки меъёри инсони ҳунарпеша истеъдод ва виҷдони бузург аст.
Ману ҳамсолони ман — ҳама худро аз он хушбахт мешуморем, ки аз муаллим дарси эҷодкорӣ гирифтаем ва мегирем. Адибони навмашқ балки ин навиштаҳоро хонда, дар ҳарос афтанд, ки чи гуна кас дар тӯли понздаҳ сол аз шогирдӣ берун наояд. Бале агар, ба панҷоҳу шаст даромадан насиб гардад ҳам, мо шогирди устодони хештанем. Ба гумонам, навиштаҳоям айёми охири ҳаёти муаллим аз он овони шогирдӣ ва навмашқиҳоям ҳамин қадар тафовут доштанд, ки устод аз онҳо камтар дилтанг мешуданд ва эродҳояшон ҳам рангу бӯи дигар дошт. Тафовути дигарам ин буд, ки баъзан ягон калима ва маънии аз шаш ҷиҳат ба эродҳо пешравро сахт мегирифтаму аз муаллим,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё