Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Дар ҳақиқат номат ба худат зебанда аст Лола.- Нимшўхию нимҷиддӣ, вале бо оҳанги маломату насиҳат мегўяд ба вай геолог Аскар, ки устоди таҷрибаомўзаш аст.—Гули адир, гули ваҳшӣ ҳастӣ. Дар нигоҳи маҳраму номаҳрамон бепарво ҷилва мезанӣ.
Агар Садбарг ном медоштӣ, шояд ҷойи ту чорбоғи дару ҳавлии базебе буд, он гоҳ дар ҳарам будӣ аз ҳар чашми носерам, ки ба қадри гул намерасанд, ўро беибо мекананду бў мекашанду зери по меафкананд. Ба қадри худ бирас, Лола! Охир ту гулӣ, базебӣ, хушрўӣ, гуле, ки дар дасти як нафар, дар нигоҳу дар канори як гулпарасти ҳақиқӣ бояд ҷилва кунад.
-Ба қадри ту ман мерасам, Лолаҷон!-гаштаю баргашта таъкид мекард устоди сабақомўзаш Султонзода, ки лаҳзае аз вай ҷудо намешавад.- Хоҳӣ, нахонда баҳоят медиҳам, аз имтиҳонот ба имтиҳонот, аз курс ба курс мегузаронам ва агар нахоҳӣ таҳсилатро дар донишгоҳ давом додан, ихтиёрат, бирав, дар зиндагӣ хор намешавӣ, ман худам туро мехўронаму мепўшонам, дилат ба чӣ майл дорад дар зиндагӣ, ман-устоди ғамхору ғамгусорат ҳамеша ба хизмат тайёр. Ба шарте ки…
Як нафари дигар аст аз «қаҳрамонони» навиштаҳои Файзулло, ки чунин ба тасвираш кашидааст: Пирамарди шасту панҷ –ҳафтодсола; доимо дар гирду пеши хаймаи геологҳо тор танида мегардад, гап меҷўяд, гап мебарад. Номаш Камол, балки Ҳоҷӣ Камол мегўянд ўро. Лақабаш Исқотӣ. Пояш ба лаби гўр расида бошад ҳам, доимо пайти муносиб меҷўяд, то ки бо Лола, ин духтари аз сад гул як гулаш нашукуфта, ҳамгап шавад, мисли дигарон бо вай беибо сухан гўяд, шўхӣ кунад, ба бозӣ кашад. «Худо баракат диҳад, аҷаб духтари савобгир аст», -дар ҳар куҷо бешармона мелақад ў. Аз миёни мардон ягона мардест, ки Лола аз ў сахт ҳазар дорад, ибо мекунад, балки метарсад, аз даҳони бефаровези ў.
Дар ҳама рўзу шабони дар кўҳдоман, дар хаймаҳо будани Лола Султонзода чун боғбоне буд, ки нигоҳубин, парасторияш мекард, танҳояш намегузошт ва ҳатто намехост касе аз ҷавонону мардон ба вай наздик шавад, гап партояд; рашк мебурд аз муносибату ҳазлу шўхиҳои ў бо ҷавонони ҳамсабақаш, қавоқ меандохт, қаҳраш меомад.

пешина
аз 208
навбатӣ