Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Лолаи адир». Чунин ном ниҳодааст ба китобаш.
Лола ҳамон Санавбар, ба қавли Султонзода «Кабки ром» аст, ки Файзулло асарашро ба номи ў гузошта, бо мақсаде ки китобаш чоп шаваду Санавбар хонда, қаҳраш наояд, танҳо номи ҳамин қаҳрамонашро тағйир додааст. Дигар қаҳрамонони асарро бо номи худашон овардааст: геолог-Аскар, донишҷўёни таҷрибаомўз - Сайид, Зумуррад; устоди донишгоҳ-Султонзода, Ҳоҷӣ Камол, Ҳоҷӣ Сафарбек ва дигарон…
Бо чунин тасвирот оғоз меёбад банду басти воқеаҳои асар:
Табиат гулҳоро ҳарранг, хушрў, хушбў, дилҷў, дилрабо, хандон, фаттон офаридааст барои кайфият, барои тамошо, дидан, бўидан, шамидан, ҳаловату лаззат бурдан… Лола ном дорад яке аз он гулҳо, баргонаш нафис, хуношом, бо қомати мавзун, валекин доғҳо дар дил.
Гули адир аст Лола. Дўстдори табиат. Дар фазои кушод, дар кўҳдоман, дар муҳити сероб мерўяд, хеле хуб нашъунамо меёбад, озод сар мекашад, озод ҷилва мекунад. Муҳити танги хонадонро намеписандад, зеро гули хонагӣ нест Лола, дар гулдон сабзад ҳам, зуд пажмурда мешавад.
Лолаи мо шабеҳи лолаи адир аст. Хушқаду қомат, базеб, ҳамеша хандонрў, муҳассили бахши геологияи Донишгоҳи миллист. Чун гулҳои адир худро озод эҳсос мекунад дар табиати кўҳдоман, дар миёни боғоти дарахтони худрўй. Ба ҳар кӣ майли бо ў ҳамнишин будан, сўҳбат оростан, рози дил гуфтан дорад, чеҳраи хандон, лабони ғарқи табассумҳои ширин, нозу истиғнои беолоиш тақдим медорад. Доимо ҳамнишину ҳамроз аст бо ҷавонписарону мардон, бебок аст, ибо надорад аз нигоҳҳои ташнаю пурҳаваси онҳо, назди ҳама ҷавлон мекунад, ҳаргиз намехоҳад малоли хотири касе шавад, дили касеро ранҷонад; иҷозат аст ба ҳар кӣ майл дорад, бо ҳавас ба қадду басти ў бингарад, гарму ширин, бо навозиш сухан бигўяд, бибўядаш, дар канор гирад, ба шўхӣ, ба бозӣ бикашад ўро.

пешина
аз 208
навбатӣ