Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дам бигирад, истироҳат кунад. Шумо саросема нашуда, оҳистаю боэҳтиёт аз қафои мо ҳай карда биёед. Ба Душанбе ҳар вақте ки расидед, ўро то хонааш бурда расонед…Хайр, ҳай кунед, рафтем, бачаҳо. Роҳ дур, бевақт шуд.
Қатори мошинҳо ба зудӣ ба ҳаракат даромад.
Шаҳраки Қалъаи Хумбро пас монда, мурчавор думболи ҳам, дар роҳи бора мехазиданд. Мошине, ки дар он Файзулло менишаст, аз ҳама қафо ҳаракат карда, дар ҳар тоб хўрдани ёлаҳо аз ҳамроҳони худ дуртар ва дуртар мемонд. Ниҳоят, дар сари ағба қатори пеши корвон батамом аз назарҳо ғойиб шуд.
Файзулло яке аз курсиҳои дар назараш бароҳаттарро интихоб карду баҳузур нишаста, чашм аз манзараҳои атроф намеканд. Мошин кўталҳои печ дар печро оҳистаю бомаром тай карда, ба роҳи нишеб фаромад. Шамоли салқини ағба, ки беист вазида, ба рўҳу равон ҳаловат мебахшид, аз равзани нимроғи мошин сўҳбати на он қадар баланди ронандаю ҷавони барашро фаҳмою нофаҳмо ба гўш мерасонд. Файзулло ба он эътибор намедод, ки онҳо чиҳо мегўянду дар бораи чиҳо сўҳбат мекунанд. Ҳушу ёди ў ба роҳи сафар банд буд, ба роҳи шебу фарози пурхавфу хатари тулонӣ, ки Худо медонад, гузараш дигар ба ин тарафҳо меафтад ё не. Бо нигоҳҳои ҳасратбор ҳар қадам пуштаҳои сабзи ҷо-ҷо барфпўш, гияҳҳову буттазорон, аз таги буттаҳо давида гузаштани суғуру дигар ҷонварони адирро мегуселонид. Бо ҳасрат хайрбод мегуфт ба ҳар яки онҳо, ба манзараҳои дилфиребу дилкушои ин ҷигаргўшаи диёр.
Чун дар роҳи ағба пойинтар фаромаданд, даст ба ҷузвдонаш бурд, дафтарҳои навиштаашро , ки бояд китоб шаванд, берун кашид. Варақ зад. Ғарқи мутоила шуд. Қалам дар даст, он сатрҳоеро, ки ба дилаш намегунҷиданд, хат мезад, таҳриру иловаҳо мекард.
Гаштаю баргашта саҳифаҳоро рўгардон менамуд, сари ҳар маънӣ андеша меронд. Ў повесте навиштааст нотамом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё