Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дар канори роҳи назди тарабхона якчанд мошини «Тангем» қатор меистоданд. Маълум, ки онҳоро тоҷирон аз давлати ҳамсояи Хитой оварда, ба Душанбе мебаранд. Албатта, мошинҳо ҳар қадар наппанави оҳарашон нарехта бошад ҳам, ба ҳар кадоми онҳо ақалан як нафарӣ мусофир савор кунанд, ҳеҷ гап набудагист. Ҳол он ки дар он лаҳзаҳо мусофире ҳам наменамуд дар гирду атроф, ба ҷуз Файзулло, ки дар либоси аскарӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Ҳар кас ўро дидан замон ба зудӣ пай мебурд, ки ин сарбози ҷавон ё дар рухсатист ё аз хидмат ҷавоб шудааст ва ҳоло ба сўи Душанбе, ба хонаашон раҳсипор аст.
Файзулло зиёд интизорӣ накашид. Як гурўҳ мардон, ки аз афту андому сару либосашон ронанда буданашон маълум буд, аз тарабхона баромаданд. Пешопеши онҳо ҷавоне хушқаду қомат, дар тан либосҳои шинаму зебо, бо кару фар қадам мезад. Файзулло бо як дидан тахмин кард, ки ин ҷавон тоҷир аст, соҳиби мошинҳо ва роҳбалади ронандагон. Тахминаш рост баромад. Ҷавон дар назди мошинҳо рост истодани аскарбачаро дида, наздаш омад. Бо эҳтиром даст дода вохўрӣ кард.
-Хидматро тамом кардӣ, ҷўра? -бо табассум пурсид ҷавон.- Офарин!-Насиб бошад, то куҷоҳо?
-То Душанбе,-дилпур шуда, посух дод Файзулло.
-Марҳамат, мошинҳо дар ихтиёрат. Бишин, дар ҳар кадомаш, ки мехоҳӣ. Ба хотири сарбози Ватан буданат то хонаатон бурда мерасонем.
Яке аз ронандагон, ки ҷавонмарди газгушти ҳушёру чолоке менамуд, бо рағбат пеш омаду пурсид:
-Саросемаӣ ё…-ва илова кард:-Агар саросема набошӣ, бишин дар мошини мо. Ҳо, ана дар он «Тангем»-е, ки охирон, аз ҳама қафо истодааст. Мо ду нафар. Хоҳӣ, дар кабин, дар бари ман мешинӣ. Бафурҷа, чақ-чақ карда меравем. Нахоҳӣ, ҳамаи курсиҳои салон дар ихтиёрат.
-- Аз афташ, ин ҷўраи мо бо ёди хона шаб хоб нарафтааст, шалпару хаста менамояд,-ба рангу рўи Файзулло зеҳн монда гуфт Тоҷир ва маслиҳат дод:-Бимон, ўро, тоқа дар салон нишинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё