Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ягона шахсе, ки Султонзода ўро бо Лола ҳангоми сўҳбатҳои рўшоду хилват дида, худро бепарво вонамуд мекард, Аскар буд. Султонзода ҳам аз ҳайбати ў метарсид ва ҳам дилпур буд аз он ки Аскар ҳунар надорад, то дили духтарон, занонро ба даст оварад.
Аз байн як сол гузашт. Тақдири Лола шабеҳи тақдири лолаҳои саҳро шуд. Гулхандаи бахти ҷавонияш дар як баҳор пажмурд, хазон гашт. Тарки донишгоҳ кард. Батар аз он, бе ҷуфти муносиб, сари танҳо монд Лола.
Як бегоҳӣ, вақти шом, аз рўи одат дар қади роҳи мошингард истода, чашмони ҳаросонашро ба ҳар тараф медўхт. Бахусус рафтуои мошинҳои сабкурави оҳарӣ, наппанав, қимматбаҳо, тозаву озода, бо карру фар аз нигоҳҳои харидоронаи ў дур намемонд. Ба сўи бархе аз онон беҷуръатона даст бардошта, ишораи истодан мекард. Соҳибони мошинҳо, яке сар аз кобин бароварда, маънидорона чашмакӣ мезад, лаб инҷ карда механдид, шояд мазоҳаш мекард, дигаре ба ҳолаш афсўс хўрдаву нобоварона сар ҷунбонда гузашта мерафт…
Ниҳоят, «Некси»-и қаҳваранге омада дар наздаш қарор гирифт. Дари мошин кушода шуду аз он ронандаи кўҳансоли ҷелакпўш сар берун кард. Лола бо дидани ў дарҳол рўяшро ба дигар тараф гардонд. Ронанда беибо пеш омаду бо оҳанги ситеза ва талху пичинг гуфт:
-- Чӣ рўята мепўшонӣ, духтар! Мошинро нигаҳ медорию боз мегурезӣ! Аз одами шинос шарм медорӣ? А?
Ҳайф! Исқотии дар шикам будаатро куҷо кардӣ? Нагуфтам, ки ба рўсиёҳи устодат Султонзода бовар накун!
Ахир, ба бахтат зомин шуд, исқотӣ!
Лола абрувонашро гиреҳ кард. Теғ кашида ба Ҳоҷӣ Камол нигарист.
-Ман мошини Шуморо нигаҳ надоштаам! Биравед ба роҳатон!

пешина
аз 208
навбатӣ