Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ва намонданд, ки ўро аз табобатхона бубарем»…
Шунидани анҷоми воқеа Файзуллоро бештар андўҳгин кард; дилаш сахт ба Аскар сўхт, аз алам решреш шуд, гиряаш омад: Аскар аз сари нангу номус нагузоштааст, ки ҷасади модарашро ба зодгоҳаш баранд.
Ўро ҳамроҳи Сафарбек дар қабристони Сари Осиёи пойтахт гўрондаанд.
Ду соли аскарӣ паси сар шуд. Ана имрўз, дар яке аз рўзҳои офтобии фасли тирамоҳ Файзулло бо ҳамхизматон, қумондонҳо, бо ин ҳама манзараҳои дилфиребу табиати дилкушои як гўшаи диёри маҳбуб, ки ҳеҷ гоҳ аз дидани онҳо сер намешуд, хайрухуш мекунад. Аз ин мавзеи барояш азиз дил канда наметавонад ва ҳамзамон майле дорад, ҳарчи зудтар, чун уқобе бол бароварда, ба сўи Душанбе, ба сўи зодгоҳаш –Қаратоғ парвоз кунад. Вай ба дидори модари меҳрубонаш пазмон шудааст. Шояд ҳоло модар аз рўи одат дар паси дастгоҳи дарздўзӣ нишастааст ва либосҳои фармудаи занону духтаронро медўзад, ки чунин мизоҷонаш даҳҳо, садҳо нафар ва аз он ҳам зиёданд. Пироҳанҳои шинаму зебои модарашро таъриф мекунанд онҳо. Чевари гулдаст, панҷ панҷааш ҳунар аст, мегўянд. Модар шабу рўз дар паси дастгоҳи чеварӣ нишаста, матоъ пора мекунад, медўзад, ба қади бонувон андоза мекунад, хобу хастагиро аз ёд бурда, заҳмат мекашад, то як даҳан ризқу рўзӣ барои аҳли хонавода дарёбад. Падараш чӣ? Вай ҳоло бо чӣ кор машғул бошад? Кӣ медонад, ҳар бегоҳ чӣ вақте аз сари замин ба хона мерасад? Падараш ҳам чун марди ҳунардеҳқони асил дар гирду атроф машҳур аст. Ҳар сол аз ду гектар қитъаи хоҷагии деҳқонияшон он қадар ҳосили помидору бодиринг ва гандум меғундорад, ки ҳама ба вай аҳсан мехонад. Имсол дар замини хоҷагиашон чӣ кошта бошад? Гандум ҳам коридааст, албат. Чӣ қадар ҳосил гирифта бошад? Эҳ… Чор нафар хоҳарчаҳои мактабхонашро ҳам хеле пазмон шудааст! Дилаш мехоҳад ҳарчи зудтар онҳоро бубинад, дар оғўш бигирад, аз рўяшон бибўсад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё