Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хоҳари калонияш баъди дарсҳо дар сари роҳи калони мошингард пахтақандак мефурўшад. Дигар хоҳарчаҳояш ба вай ёрӣ мерасонанд; пахтақандакҳои дар нўги чўбчаҳо печонидашударо дар гузару маҳаллаҳои шафати роҳ дар ба дар мегардонанд, савдо мекунанд.
Онҳо имрўз чӣ қадар фурўхта бошанд, чанд сўм даромад карда бошанд?.. Тағояш Ҳоҷӣ Сафарбек чӣ? Аҳволаш чӣ хел бошад? Чаро дар ин ду сол дигар наомад ўро хабаргирӣ? Шояд мошинаш вайрон шудааст? Вагарна меомад, албатта меомад, як бору ду бор не, чанд бор, ба ин сў сафар мекард, падару модарашро ҳам меовард. Бале, ин роҳи дури ноҳамвору шебу фарозро, ки аз Душанбе камаш чорсад-панҷсад километр мебарояд, бе мошин тай кардан мушкил.
Дар қад-қади роҳи мошингарди Қалъаи Хумб сари танҳо қадам монда, Файзулло фикру хаёлоти ширинашро ба дигар сў кашид-ба Аскар банд кард, ки дар ин ду сол бисёрҳо дар бораи ў андеша рондааст. На фақат ў, балки дигар геологҳои шиносаш- Зумрат, Санавбар, апайи Гавҳар, Сайид ва дигарон, ки дар бораашон аз тағояш нақлҳои аҷибе шунидааст, соате аз ёду хаёли ў канда намешаванд. Ин номҳо доимо вирди забонаш ҳастанд. Зеро ў ба Аскар, ба тағояш қавл додааст, дар бораашон, аз ҳаёти геологҳо китоб менависад. Он кореро, ки қасд кард Файзулло, то ба мақсад нарасад, дилаш қарор намегирад.
Ду соли хизматро бо андешаҳои китобнависӣ гузаронду аз гузаштани вақт бехабар монд. Гўё дирўзакак буд, ки ба Дарвоз омад. Омаду ду дафтари калон харид. Дар лаҳзаҳои фориғ аз машқҳои низомӣ, баъди давидану париданҳо, пас аз посбониҳо дар дидбонгоҳ, дар кунҷаке нишаста, ё сари баландие баромада, дафтар сиёҳ мекард, менавишту хат мезад, хат мезаду менавишт. Ҳамон ду дафтарро пур кардааст аз навиштан- аз сиёҳнавису тозанавис. Бале, қаҳрамони асосияш Аскар аст, ки хислати аҷибе дорад ва тақдири талху ногувореро насибаш дидааст Худойи мутаол. Ҳамон Аскаре, ки ўро барои аз худ нависанда тарошиданаш таъна зад, дар пеши тағояш мазоҳаш кард, вале бехабар аст, ки Файзулло қиссае бофта баровардааст дар бораи ў, дар бораи қиссаи ишқи гуворои Зумраду Сайид, дар бораи «кабки ром»-Санавбар, сабукхаёлиҳои вай, дар бораи ўро бо фиребу найранг ба дом афтондани муаллимаш Султонзода ва ба кўи ноумедӣ партофтанаш, дар бораи он ки Гавҳар аз зиндагии вазнин- аз хишткашонӣ безор шуда, ба худсўзӣ даст задааст ва ба ҳамин монанд бофтаҳои хаёлот, ки бо чӣ анҷом меёбанд, то ҳол ба қароре наомадааст Файзулло.

пешина
аз 208
навбатӣ