Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саҳни ҳавлии мактаб тип-торик, чароғҳо хомўш буданд. Фақат чароғи яке аз синфхонаҳо даргирифта меистод. Ҳамоно дилам гувоҳӣ дод, ки он ҳуҷраи кори директори мактаб аст ва яқин, баъди чанд лаҳза воқеаи ногуворе рух медиҳад.
Оқибати кор ҳамин шуд, ки Аскар занашро бо директор танҳо ёфт. Аз дидани онҳо саропо ларзид, аз ғазаб лабонашро газида хуншор кард. Ларзида истода, даст ба ҷайб бурд, рўймолчаашро бароварда, хуни лабон ва арақи сару рўяшро пок кард. Гўё андаке ба худ омад, ором шуд. Чашмони аз оташи қаҳру ғазаб супсурхшудаашро аз занаш наканда, якбора рў ба қибла гардонд ва ғайричашмдошт бо овози ноҳинҷору гиряолуд ҳамин ду-се ҳарфро ба забон овард: «Ба номи Худо, дар шоҳидии ҳамин Ҳоҷӣ, бандаи мўъмину мусулмон, се талоқат додам!» Ва дигар сухане ба забон наоварда, дар роҳаш пас гашт. Ба хона омаду дар домани модараш ба зону зад, илтиҷо кард, ки аз ў чизе напурсад, аз ҷой бархезаду дар мошин савор шавад. Воқеа ҳамин шуду дару ҳавлӣ, ҳамаи чизу чораи хонаашро партофта баромад Аскар.
Дар роҳ ягона сухане, ки барои тасаллои дилаш гуфтам, ҳамин буд, ки маслиҳат додам: «Ғам махўр, Аскарҷон. Дар зиндагӣ ба сари одамизод чӣ ҳодисаҳое намеояд. Ба тақдир тан додан даркор. Аз Модар бошад, бепарво бош. Ўро рост ба Варзоб, ба ҳавлии ман мебарем. Шукр, ҳамсару келини худотарсу меҳрубон дорам, кампирро фарзандвор парасторӣ мекунанд, иншоолоҳ хор шудан намемонанд, як каф дуояшро мегиранд».
Аммо мегўянд, ки гапи хона ба бозор рост намеояд,
-суханашро идома дод Хоҷӣ Сафарбек.-Афсўс, кор ранги дигар гирифт. Чун ба Душанбе расидем, якбора аҳволи кампир бад шуд. Ноилоҷ, мошинро сари роҳ, ба табобатхонаи «медгородок» гардондам. Духтурон бо як дидану муоина кардан гуфтанд, «аҳволи кампир хеле вазнин, ба зиндагияш рўзҳои башумор мондааст».

пешина
аз 208
навбатӣ