Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аз байн ҳафтае нагузашта, тағояш-Сафарбек ўро хабаргирӣ омад. Ба қавли тағояш аз ҳодисаи «облава»
пас аз се рўзи бедарак шудани ў огаҳӣ ёфтаанд. Файзулло аз ҳолу аҳволи падару модар, хоҳаронаш ва хешу таборон пурсон шуд. «Шукр, ҳама соқу саломатанд, - дилпур кард ўро тағояш.-Фақат ҳамин ки ҳама хеле нороҳат шудем, аз он ки бо ту хайрухуш накардем.
Балки фурсат надоданд, ба қонуншиканӣ роҳ доданд муттаҳамҳо! Беинсофанд, онҳое, ки забонашон дароз аст, вақте ки аз қонуну давлатдорӣ ҳарф мезананд, вале худ қонунро дағалона поймол мекунанд!..»
Тағову ҷиян он рўз бештар аз як соат сўҳбат карданд.
Файзулло бо мақсаде ки он чанд лаҳзаи ғанимати дидорбиниро бо гилагузориҳо аз ким-кадом «қонуншиканҳо» нагузаронанд, дарҳол гапро ба дигар сў кашид. Якбора аз Аскар ёдовар шуд, аз ҷўраи қарини тағояш.
Тағояш воқеаи онрўзаро аз лаҳзаҳои вохўрданашон бо Ҳоҷӣ Камол, суханони дағалу дурушти ў, берўю беибо Аскарро таъна карданаш, якбора аз зиндагию одамон дилгиру ноумед шудани Аскар, ба тафсил ҳикоят кард.
«Дар ёд дорӣ, он бегоҳ ба ту занг задам, ки шаб ба хона барнамегардам,- гуфт Сафарбек.-Ҳамроҳи Аскар будам. Аниқтараш, ўро ба хонаашон, ба назди модару занаш мебурдам. Роҳи дарози Душанбе-Кўлобро тай карда, баъди сеюним соат расидем. Дар хона модари Аскар бистарӣ буд. Касе набуд, ки ба вай нигоҳубин кунад, як коса обаш диҳад, таоми гармаш бипазад. Аскар аҳволи зори модарашро дида хорияш омад, рўи ҳавлӣ баромада, кўдаквор, ҳиққос зада гирист. Баъд, ҳамон лаҳза давида аз хона бадар рафт. Аз рафтору ҳаракатҳои ў шубҳае дар дилам пайдо шуду аз пасаш раҳсипор шудам. Аскар рост роҳи мактаби деҳаро пеш гирифт, ки ба тахмин сад-дусад қадам дуртар аз ҳавлияшон воқеъ буд. Ман дарҳол пай бурдам, ки ў бо кадом мақсад ба он ҷо меравад, киро мекобад. Таънаю маломат ва суханони дағалу дурушти Ҳоҷӣ Камолро ба ёд оварда, тахмин кардам, ки зани Аскар дар ҳамин мактаб фаррош шуда кор мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё