Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Оре, вазифаи хидматияш, ҳифзи марзу буми Ватан ҳаминро тақозо мекунад. Ду сол аст, ки дар ин як гўшаи диёри маҳбуб, дар ин мавзеи шабеҳи зодгоҳаш-Варзоб сарбоз аст.
Ду сол қабл ўро дар роҳи Душанбе-Шаҳринав лаҳзаи дар мошин ба хона раҳсипор гаштанаш як гурўҳ мардони низомӣ зўран дошта, ба комиссарияти ҳарбӣ кашола карда оварданд. Ин ҳодиса фардои он рўзе рух дод, ки Файзулло ҳамроҳи тағояш- Сафарбек дар Варзоб, дар деҳаи геологҳо бо Аскар сўҳбат ороста буданд; фардои он рўзе, ки як лаҳзаякак аз кайфияти сўҳбати гарму ширини Санавбар баҳра бурда буд; фардои он рўзе, ки фурсат ёфт бо Султонзода низ мусоҳиб шавад ва бисёр чизҳоро дар бораи шогирдонаш Санавбару Зумуррад, геологи таҷрибаомўз- Аскар ва дигарон фаҳмида гирад. Аз ҷумла дарёфт, ки Санавбар дар забони устодаш-Султонзода «Кабки ром» будааст, пай бурд, ки Аскар дар тасаввури ин муаллими айёри ҳавобаланд як ҳақталоши аблаҳу бадмасти гузаро будааст ва ғайра.
Дар комиссарияти ҳарбӣ як нафар капитани қадпасти мўйлабдор ва як нафар сержанти хароби дароз бо таҳдиду дўғу пўписа муттаҳам карданд ўро, ки «то ба кай аз аскарӣ мегурезӣ?!». Аз ин тўҳмати ошкоро, аз ин муносибати дағалу дурушти онҳо Файзуллоро қаҳраш омад, аламаш омаду боҷуръатона овоз баланд кард: «Ман ҳеҷ гоҳ аз хизмати Ватан нагурехтаам ва намегурезам ҳам! Баред маро, ба ҳар куҷое, ки дилатон мехоҳад, дар кадом қисми ҳарбие, ки нависед, меравам, хизмат мекунам!». Ана ҳамин тавр, ўро бедарак, рост ба ҳамин ҷо, ба Дарвоз оварданд, ки ин гўшаи Ватани зебоманзарро дар умраш бори нахуст медид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё