САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Бинобар ин саҳифаи шахсии шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикастан кори мушкил нест. Шояд, шиносони шумо бо ин масъала рӯ ба рӯ шуда бошанд?
Дар саҳифаи шумо маълумотҳои шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки шумо ҳангоми бақайдгирӣ ворид карда будед ва онро шахсони бегона бо мақсадҳои худашон истифода бурда метавонанд.
Барои ба ин масъала чуқуртар сарфаҳм рафтан, муаллим ба хонандагон иҷрои машқи зеринро тавсия мекунад:
«Тасаввур кунед, ки дар интернет хазинаи нави маъмул пайдо шуд. Он имкониятҳои хазинаҳои (ресурсҳо) аллакай мавҷудбударо пайваст мекунад: шабакаҳои иҷтимоӣ, видеохостингҳо, викисред, онлайн-каналҳо, ва инчунин имкониятҳои нави махсус барои омӯзиш ва фароғатро дар бар мегирад. Бисёр дӯстони шумо аллакай дар ин шабака ба қайд гирифта шуданд, бинобар ин шумо низ мехоҳед ҳар чӣ тезтар ба онҷо ба қайд дароед. Барои ин шумо танҳо як шакли соддаеро пурра кунеду ба қайд гирифта шавед.»
Қадами 1. Ба хонандагон варақаҳои бақайдгириро тақсим карда дода, гӯед, ки онро пур кунанд. Онҳро пешакӣ махсус таъкид кардан лозим, ки пароли аслиашонро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд нанависанд, балки барои ин машқ навашро эҷод кунанд.
Қадами 2.Ҳар хонанда бояд шакли бақайдгирии худро пур кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё