САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Қадами 3. Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, муаллим варақаҳои пур шударо мегирад ва омехта карда, ба хонандагон баргашта тақсим мекунад. Аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки варақаи ҳамсинфашонро хонанд ва ба кӣ таалуқ доштанашро ёбанд, фикри худро нависанд.
Муҳим он аст, ки хонандагон ба якдигар барои ҷавобҳоро ёфтан ерӣ надиҳанд ва ҷавобҳо- СЛАЙД № 3ро бо овози баланд нагӯянд.
Вақте, ки ҳамаи хонандагон дар варақаҳо вазифаи додашударо иҷро мекунанд, омӯзгор аз онҳо як нафар як нафар хоҳиш мекунад, ки логини профили дар варақа бударо хонад ва гӯяд, ки ба фикраш азони кӣ буда метавонад, вақте ки ҳама профилҳо хонда мешаванд, соҳибони он дуруст ва нодуруст будани ҷавобҳоро гуянд.
Қадами 4. Муҳокимаи машқи иҷрошуда.
• Соҳиби кадом профилро ёфтан осонтарин/мушкилтарин буд?
• Чӣ барои осон дарёфтани соҳиби профил мадад кард/халал расонд?
• Ҳангоми профилро пур кардан чиҳоро дар назар мегирем?
Қадами 5. Баъди ба охир расидани машқ омӯзгор варақаҳоро ба соҳибонашон бармегардонад ва эҳтиёт буданро бо маълумоти шахсӣ ба хонандагон таъкид мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё