Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ТАФТИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ.
Хонандагон лоихаҳои шабакаҳои мактабии худашонро дар гурӯҳҳо презен-(5 дақиқа) татсия мекунанд.

«Тасаввур кунед, шумо аз болои шабакаи худ натанҳо дар коғаз заҳмат кашидед, балки дар асл онро коркард кардед, он акнун дар ҳақиқат тайер ва замонавӣ шудааст. Токи ҳамаи хонандагони мактабатон ва дигар шахсон дар Шабака ба қайд гирифта шаванд шумо бисёр заҳмат кашидед, барои шавқовар будани шабака, мӯҳтавои онро актуалӣ медоред. Ногаҳон бадхоҳон шабакаи шуморо шикастанд ва тамоми сохторашро вайрон карданд ва ҳатто ворид шудан ба он ғайриимкон гашт. Чӣ ҳиссиёт шуморо фаро мегирад?»
Мусоҳибаи кутоҳ бо хонандагон.
«Аз хабарҳо шумо медонед, ки ҳар рӯз шикаст ва ҳуҷум ба ҳазорҳо шабакаҳо таҳдид мекунад, дар байни онҳо биржаҳо, бонкҳо, корпоратсияҳои трансмиллӣ, ФБР,NASA, ҳатто Пентагон ва Бинои Сафед дар ИМА. Ҳарчанде, ки ин шабакаҳо бо системаҳои хуби электронии бехатарӣ муҳофизат шудаанд, аз чунин таҳдидҳо ба пуррагӣ эмин нестанд.”

пешина
аз 126
навбатӣ