Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҷамъбаст. Хулосаи дарс:
• Интернет тарзи ҳаётро тағӣир медиҳад.
Бо оғози асри Интернет одамон ба дигаргун фикр кардан оғоз карданд .
• Интернет барои амалӣ кардани орзуҳо ёрӣ мерасонад.
• Интернет хеле зуд тағӣир меёбад.
Вазифаи хонагӣ: Иштирокчиёнро ба се гурӯҳ тақсим кунед ва ба ҳар гурӯҳ вазифа диҳед.
Вазифа: Тарҳрезии шакл ва муҳтавои шабакаи хаёлӣ барои мактаб. Он бояд кадом функсияҳоро иҷро кунад?
Ҳар як гурӯҳ дар варақи коғази A-1 бояд саҳифаи асосии шабакаи мактабиро кашад; шакли асосиашро фикр кунад, кадом қисматҳоро бояд дошта бошад, шрифт, ва ғайраро муайян кунад. Муаррифи (презентатсия)-и гурӯҳҳо дар дарси оянда.

МАВЗӮЪ:
БО ИНТЕРНЕТ ҲАМОҲАНГ
ЗИСТАН
Мақсади дарс: Дар хонандагон мавқеи фаъоли истифодаи қоидаҳои интернет-гигиенаро барпо намудан; муайян кардани барои чӣ ва чӣ тарз маълумоти шахсиро муҳофизат кардан; Вазифаҳо:
• фаҳмонидани маълумотҳои шахсӣ чист ва нишон додани чӣ гуна маълумотҳои бешахс шахсӣ мегардад;
• нишон додани мушкилоти назорат аз болои маълумотҳои шахсӣ дар интернет;
• шинос кардани хонандагон бо қоидаҳои интернет гигиена;
• гузаронидани машқҳои амалӣ барои азхуд кардани маводи нав; Намуди дарс: омехта: аз худ кардани маводи нав ва мустаҳкамгардонии дониши азхудшуда, истифодаи малака дар амал.
Шакли дарс: интерактивӣ: лексия бо иштироки фаъоли хонандагон ва кори амалӣ дар гурӯҳҳо Мафҳумҳои нав: интернет-гигиена, саводнокии рақамӣ, маълумотҳои шахсӣ, Алоқаи байнифаннӣ: ҷомеашиносӣ.
Таҷҳизоти дарсӣ: проектори мултимедиавӣ

пешина
аз 126
навбатӣ